https://sputnik.tj/20220214/havo-fevral-tojikiston-1045828000.html
Борон, барф, меғ, гармӣ ва то 50 дараҷа сардӣ: ҳавои февралии Тоҷикистон сюрпризҳо дорад
Борон, барф, меғ, гармӣ ва то 50 дараҷа сардӣ: ҳавои февралии Тоҷикистон сюрпризҳо дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле ки ҳарорати ҳаво дар шарқи ВМКБ то -50 дараҷа гарм мешавад, барои сокинони маркази кишвар гармии гуворо хоҳад омад.
2022-02-14T12:50+0500
2022-02-14T12:50+0500
2022-02-14T13:22+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
борон
барф
меғ мефарояд
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598823_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_71f0ecf149d8c33e54d09872d6625567.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон офтобӣ ва гарм шуда, танҳо рӯзҳои охир сокинони бисёре аз минтақаҳоро бориш интизор аст.Дар ин бора Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар давоми ҳафта ҳавои гарм дар назар аст. Аллакай рӯзи ҷумъаи 18 феврал ҳарорати рӯзона то 11-13 дараҷа ва шабона аз 3 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 17 ва 19 феврал эҳтимоли боришоти кӯтоҳмуддат дар шакли борон вуҷуд дорад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад, дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд. Дар водиҳо шабона аз 3 то 2 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 9 дараҷа гарм, рӯзона 0-5 дараҷа ва дар баъзе ҷойҳо то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал борони кӯтоҳмуддат ва дар рӯзҳои истироҳат бориши барф пешгӯӣ шудааст. Дар баробари ин тамоми ҳафта офтобӣ буда, дар шаҳри Хуҷанд баъзан бод то 15 метр дар як сония мевазад.Ҳаво шабона ва рӯзона 4-6 дараҷа, 18 феврал то 10 дараҷа гарм, вале дар кӯҳҳо шабона то 10-15 дараҷа ва рӯзона -4...+1°С гарм мешавад.Аз рӯзи панҷшанбе сар карда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф оғоз мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то -10 дараҷа, рӯзона 0...+2 дараҷа гарм мешавад. Дар Мурғоб шабона 15—17, рӯзона 4 дараҷа, дар шарқи ВМКБ шабона то 38 дарача ва дар мавзеи Булункул то 50 дараҷа сард мешавад. Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон тамоми ҳафта гарм ва то рӯзи шанбе бебориш мешавад. Ҳаво рӯзона 14 дараҷа ва шабона аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад. 19 феврал борон меборад ва то чанд дараҷа хунукй дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо шабона тақрибан 6 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598823_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_4ce4fd1ccb27f399ed9003d9103fdccd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
обу ҳаво, тоҷикистон, феврал,
обу ҳаво, тоҷикистон, феврал,
Борон, барф, меғ, гармӣ ва то 50 дараҷа сардӣ: ҳавои февралии Тоҷикистон сюрпризҳо дорад
12:50 14.02.2022 (Навсозишуда: 13:22 14.02.2022) Дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво дар шарқи ВМКБ то -50 дараҷа сард боқӣ мемонад, барои сокинони марказии кишвар гармӣ хоҳад омад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон офтобӣ ва гарм шуда, танҳо рӯзҳои охир сокинони бисёре аз минтақаҳоро бориш интизор аст.
Дар ин бора Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар давоми ҳафта ҳавои гарм дар назар аст. Аллакай рӯзи ҷумъаи 18 феврал ҳарорати рӯзона то 11-13 дараҷа ва шабона аз 3 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 17 ва 19 феврал эҳтимоли боришоти кӯтоҳмуддат дар шакли борон вуҷуд дорад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад, дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд. Дар водиҳо шабона аз 3 то 2 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 9 дараҷа гарм, рӯзона 0-5 дараҷа ва дар баъзе ҷойҳо то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон, рӯзи 17-уми феврал борони кӯтоҳмуддат ва дар рӯзҳои истироҳат бориши барф пешгӯӣ шудааст.
Дар баробари ин тамоми ҳафта офтобӣ буда, дар шаҳри Хуҷанд баъзан бод то 15 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво шабона ва рӯзона 4-6 дараҷа, 18 феврал то 10 дараҷа гарм, вале дар кӯҳҳо шабона то 10-15 дараҷа ва рӯзона -4...+1°С гарм мешавад.
Аз рӯзи панҷшанбе сар карда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши барф оғоз мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то -10 дараҷа, рӯзона 0...+2 дараҷа гарм мешавад.
Дар Мурғоб шабона 15—17, рӯзона 4 дараҷа, дар шарқи ВМКБ шабона то 38 дарача ва дар мавзеи Булункул то 50 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби кишвар, дар вилояти Хатлон тамоми ҳафта гарм ва то рӯзи шанбе бебориш мешавад.
Ҳаво рӯзона 14 дараҷа ва шабона аз 4 то 6 дараҷа гарм мешавад. 19 феврал борон меборад ва то чанд дараҷа хунукй дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо шабона тақрибан 6 дараҷа ва рӯзона то 9 дараҷа гарм мешавад.