https://sputnik.tj/20220127/rahmon-rais-barqi-tojik-barkanor-1045208254.html
Эмомалӣ Раҳмон раиси "Барқи тоҷик"-ро барканор кард
Эмомалӣ Раҳмон раиси "Барқи тоҷик"-ро барканор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши энержии кишвар низ тағйироти кадрӣ анҷом дод 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T11:52+0500
2022-01-27T11:52+0500
2022-01-27T17:13+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
барқи тоҷик
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102545/86/1025458688_0:10:1000:573_1920x0_80_0_0_9954d256ee97fb04cdcbe69aa4abffd5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси бузургтарин ширкати энержии кишвар – "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода аз мақомаш барканор шуд. Бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январи соли 2022 Исмоилзода аз вазифа озод шуд. Ӯ ба ҳайси раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз моҳи августи соли 2015 ба ин сӯ кор мекард. Исмоилзода 11 марти соли 1967 дар Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси электротехник мебошад. Ӯ Фаъолияти меҳнатиашро дар синни 16-солагӣ ба ҳайси барқчии дараҷаи 1-уми лабораторияи истеҳсолии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" як ширкати давлатии миллии энергетикии Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар Душанбе воқеъ аст.Дар баробари "Барқи тоҷик" раҳбарони чанд корхонаи дигар аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъйин шудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисиҷумҳур.Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида мисол оварда, таъкид намудааст, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.
https://sputnik.tj/20220127/prezident-barqi-tojik-mts-barkanor-1045202012.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102545/86/1025458688_112:0:889:583_1920x0_80_0_0_9a3d8f9e5adf3ad29553e68b1eea9c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, барқи тоҷик, тағйироти кадрӣ
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, барқи тоҷик, тағйироти кадрӣ
Эмомалӣ Раҳмон раиси "Барқи тоҷик"-ро барканор кард
11:52 27.01.2022 (Навсозишуда: 17:13 27.01.2022) Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бахши энержии кишвар низ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон раиси бузургтарин ширкати энержии кишвар – "Барқи тоҷик" Мирзо Исмоилзода аз мақомаш барканор шуд.
Бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январи соли 2022 Исмоилзода аз вазифа озод шуд.
Ӯ ба ҳайси раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз моҳи августи соли 2015 ба ин сӯ кор мекард.
Исмоилзода 11 марти соли 1967 дар Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси электротехник мебошад.
Ӯ Фаъолияти меҳнатиашро дар синни 16-солагӣ ба ҳайси барқчии дараҷаи 1-уми лабораторияи истеҳсолии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб оғоз кардааст.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Барқи тоҷик" як ширкати давлатии миллии энергетикии Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар Душанбе воқеъ аст.
Дар баробари "Барқи тоҷик" раҳбарони чанд корхонаи дигар аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъйин шудаанд, афзуд дафтари матбуотии раисиҷумҳур.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида мисол оварда, таъкид намудааст, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон раисҷумҳур таъкид кардааст, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.