Кумитаи олимпӣ маросими ҷоизасупорӣ ба тими Русияро лағв кард

© REUTERS \ ALEKSANDRA SZMIGIELКамила Валиева
Камила Валиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Кумитаи байналмилалии олимпӣ изҳор доштааст, ки агар варзишкор Камила Валиева дар мусобиқаи инфиродӣ низ ҷои аввал гирад, маросими ҷоизасупорӣ баргузор намешавад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Мақоми иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор кардааст, ки маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи даставӣ дар риштаи рақси болои ях дар зимни Бозиҳои олимпии Пекинро баргузор накунад. Медали тилои сабқати даставиро намояндагони Русия соҳиб шуданд, аммо маросими ҷоизасупорӣ ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд.
КБО ҳадафи ин тасмимро таъмини адолат дар муносибат бо ҳамаи варзишгарон ва кумитаҳои миллии олимпӣ хондааст.
"Маросими ҷоизасупорӣ дар вақти Бозиҳои олимпӣ-2022 дар Пекин баргузор намешавад, чун дар он варзишкоре иштирок хоҳад кард, ки ташхиси допингии мусбат дорад, гарчанде нақзи қоидаҳои зиддидопингӣ ҳанӯз собит нашудааст", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки баъди анҷоми қазияи Камила Валиева КМО маросими арзандаи ҷоизасупориро баргузор мекунад.
Камила Валиева вышла на первую тренировку после решения CAS о допуске к личному турниру на Олимпиаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Барқасди ҳама Валиева пас аз ҳукми додгоҳ бори аввал рӯи ях баромад – видео
Дар баробари ин КБО мегӯяд, агар Камила Валиева дар мусобиқаи инфиродӣ низ ба қатори ҷоизадорон дохил шавад, маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор намегардад. Инчунин кумита аз Иттиҳоди конкитозон хостааст, варзишгари 25-уми риштаи рақси болои яхро низ ба мусобиқа роҳ диҳад, агар дар барномаҳои кӯтоҳ Валиева ба 24 нафари беҳтарин ворид шавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Ожонси байналмилалии санҷиши допинг - ITA хабар дода буд, ки ташхиси Валиева аз 25 декабри соли 2021 мусбат буда, дар баданаш маводи триметазидин ошкор карда шудааст. Ин натиҷаро лабораторияи зиддидопингӣ дар Стокҳолм 8 феврал ироа намуд.
Дар пайи ин Ожонси русиягии зиддидопингӣ Валиеваро муваққатан аз мусобиқаҳо барканор карду баъди шикояти апеллятсионии варзишкор, 9 феврал маҳдудиятро лағв намуд.
Олимпиада-2022. Фигурное катание. Женщины. Тренировки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Камила Валиева барои идомаи мусобиқа иҷозат гирифт
Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Иттиҳоди байналмилалии конкитозон ва Ожонси ҷаҳонии зиддидопингӣ алайҳи ин қарор ба Додгоҳи варзишии арбитражӣ шикояти эътирозӣ карданд. Додгоҳ шоми якшанбеи 13 феврал дар пайи баррасии 7-соатӣ эътирозҳоро рад намуда, барои идомаи сабқати Валиева дар мусобиқаҳои инфиродӣ иҷозат дод.
Барномаи кӯтоҳ ва мусобиқаи инфиродӣ миёни занон дар Бозиҳои олимпии Пекин 15-уми феврал дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0