Ҳукумати Ҷопон барои иҷрои ду тарҳ ба Тоҷикистон кумаки молӣ хоҳад кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанШкольный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Ҷопон барои иҷрои ду тарҳ дар Тоҷикистон 181 ҳазор доллар ихтисос дод
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Давлати Ҷопон барои сохтани як мактаб ва бозсозии корхонаи тавлиди протез дар Тоҷикистон 181 ҳазор доллар ихтисос дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
Тибқи иттилои манбаъ, маросими имзои ин тафоҳумнома бо ҳузури сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти вазоратхонаҳои тандурустӣ ва маориф ва илми Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими баимзорасонии санади мазкур сафири Ҷопон дар Душанбе қайд кардааст, ки 90 ҳазору 600 доллар барои сохтмони мактаби ҷадид дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ, дар вилояти Суғд харҷ хоҳад шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибот бо Ҷопон: Қадр мекунем
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, 90 ҳазору 400 доллар барои бозсозӣ ва таҷҳизи корхонаи тавлиди протез дар Вилояти Кӯҳистони Бадахшон ихтисос дода мешавад.
Гуфта мешавад, ки ин корхона танҳо маркази тавлидии фаъол дар вилояти Бадахшон хоҳад шуд, ки солона беш аз 3 ҳазор нафар аз хадамоти он баҳраманд мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0