https://sputnik.tj/20220202/rahmon-rushd-munosibot-jopon-1045423039.html
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибот бо Ҷопон: Қадр мекунем
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибот бо Ҷопон: Қадр мекунем
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ва сарвазири Ҷопон ҳамдигарро шодбош гуфтанд
2022-02-02T16:35+0500
2022-02-02T16:35+0500
2022-02-02T16:56+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҷопон
муносибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042375023_0:106:2047:1257_1920x0_80_0_0_0712d711b8b3f59e75befb3e0703602d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва cарвазири Ҷопон Фумио Кисида ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани равобити дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияи табрикӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикаш сарвазир ва мардуми Ҷопонро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ табрик намуда, аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.Кишвардори Тоҷикистон ҳамкориҳо дар чорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”-ро махсус таъкид кардааст.Раҳмон ҳамчунин изҳор доштааст, ки алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳаст."Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем", - гуфтааст президент.Фумио Кисида бошад, дар барқияи табрики худ аз замони барқароршавии муносиботи ду кишвар ёдрас шуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷашнвораи соли ҷории 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо мусоидат хоҳад кард."Боиси хушнудист, ки Ҷопон бо Тоҷикистон тавассути муколамаи доимӣ дар сатҳи баланд, аз қабили сафари Синзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафарҳои чаҳоркаратаи Ҷаноби Олӣ ба Ҷопон, дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, омодасозии кадрҳо ва суботи минтақа, аз ҷумла дар арсаи назорати сарҳадӣ пайваста ҳамкорӣ мекунад", - гуфтааст Кисида.Сарвазир хабар дод, ки имсол дар чорчӯби Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Сиёсатмадори ҷопонӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чорчӯби механизми мазкур идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20220121/safir-jopon-muovin-muhriddin-etimodnoma-supurd-1045043862.html
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042375023_115:0:1932:1363_1920x0_80_0_0_3c918681943f298bd9ec11aeea3b6e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нома, шодбошӣ, раҳмон, кисида
нома, шодбошӣ, раҳмон, кисида
Қаноатмандии Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибот бо Ҷопон: Қадр мекунем
16:35 02.02.2022 (Навсозишуда: 16:56 02.02.2022) Президенти Тоҷикистон ва сарвазири Ҷопон ҳамдигарро шодбош гуфтанд
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва cарвазири Ҷопон Фумио Кисида ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани равобити дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияи табрикӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикаш сарвазир ва мардуми Ҷопонро ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ табрик намуда, аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
"Дар ин зимн мо саҳми назарраси Ҷопонро дар татбиқи лоиҳаҳои барои Тоҷикистон муҳим дар арсаҳои гуманитарӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ баланд қадр мекунем", - омадааст дар барқияи президент.
Кишвардори Тоҷикистон ҳамкориҳо дар чорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон”-ро махсус таъкид кардааст.
Раҳмон ҳамчунин изҳор доштааст, ки алоқаманди пешбурди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар ҳама самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ҳаст.
"Омодаем, ки баҳри ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нав дар оянда низ якҷоя тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем", - гуфтааст президент.
Фумио Кисида бошад, дар барқияи табрики худ аз замони барқароршавии муносиботи ду кишвар ёдрас шуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷашнвораи соли ҷории 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.
"Боиси хушнудист, ки Ҷопон бо Тоҷикистон тавассути муколамаи доимӣ дар сатҳи баланд, аз қабили сафари Синзо Абэ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ва сафарҳои чаҳоркаратаи Ҷаноби Олӣ ба Ҷопон, дар самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, омодасозии кадрҳо ва суботи минтақа, аз ҷумла дар арсаи назорати сарҳадӣ пайваста ҳамкорӣ мекунад", - гуфтааст Кисида.
Сарвазир хабар дод, ки имсол дар чорчӯби Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад.
Сиёсатмадори ҷопонӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чорчӯби механизми мазкур идома хоҳад ёфт.