https://sputnik.tj/20220214/hamkori-zabonshinoson-tojik-iran-afghanistan-tolib-1045836754.html
Таҳкими ҳамкории забоншиносони тоҷик бо Эрон ва қатъи он бо Афғонистон дар аҳди толибҳо
Таҳкими ҳамкории забоншиносони тоҷик бо Эрон ва қатъи он бо Афғонистон дар аҳди толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамзабон гузориш дод
2022-02-14T16:05+0500
2022-02-14T16:05+0500
2022-02-15T13:09+0500
дар тоҷикистон
забон
ҳамкорӣ
кумита
фаъолият
қатъ
эрон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045848734_0:152:1920:1232_1920x0_80_0_0_5871ccd57a01e929f648734d48a76975.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Афғонистон баъди ба сари қудрат омадани толибҳо дар соҳаи истилоҳот қатъ шудааст. Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта бо Афғонистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши забону истилоҳот баста шуд, аммо бо омадани толибҳо ба сари қудрат фаъолияти ин созишнома муваққатан қатъ гардид. Маврид ба зикр аст, ки толибҳои умдатан паштузабон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз таҳкими ҳамокриҳо бо Эрон дар бахши забон хабар дод. Олимҷон Муҳаммадзода гуфт, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон дар бахши забон ва истилоҳот ҳанӯз соли 2015 ба тасвиб расида буд, аммо амалан ҳамкорӣ дар ин бахш соли гузашта таҳким ёфт. Ӯ афзуд, ки бо сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳамкориҳо дар бахши забону ҳамгунасозии истилоҳот баррасӣ гардида, интизор меравад, ки соли равон вусъат дода шавад. Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз ҷумлаи кишварҳои ҳамзабон мебошанд, ки муштаракоти зиёди забонию фарҳангӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди тоҷикони Афғонистонро ҳудуди 45 дарсад арзёбӣ мекунанд ва забони форсӣ дар ин кишвар забони муоширати байни ақаллиятҳои миллӣ низ шинохта шудааст.
https://sputnik.tj/20220214/taghyir-qonuni-reklama-tajikistan-khato-1045826420.html
эрон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0e/1045848734_0:0:1708:1281_1920x0_80_0_0_28b2f6bfc0e2b7946b8b023784f4895f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳким, ҳамкорӣ, забон, эрон, афғонистон, қатъ
таҳким, ҳамкорӣ, забон, эрон, афғонистон, қатъ
Таҳкими ҳамкории забоншиносони тоҷик бо Эрон ва қатъи он бо Афғонистон дар аҳди толибҳо
16:05 14.02.2022 (Навсозишуда: 13:09 15.02.2022) Раёсати Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо кишварҳои ҳамзабон - Афғонистону Эрон гузориш дод
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ бо Афғонистон баъди ба сари қудрат омадани толибҳо дар соҳаи истилоҳот қатъ шудааст.
Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта бо Афғонистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши забону истилоҳот баста шуд, аммо бо омадани толибҳо ба сари қудрат фаъолияти ин созишнома муваққатан қатъ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳои умдатан паштузабон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз таҳкими ҳамокриҳо бо Эрон дар бахши забон хабар дод.
Олимҷон Муҳаммадзода гуфт, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон дар бахши забон ва истилоҳот ҳанӯз соли 2015 ба тасвиб расида буд, аммо амалан ҳамкорӣ дар ин бахш соли гузашта таҳким ёфт.
Ӯ афзуд, ки бо сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳамкориҳо дар бахши забону ҳамгунасозии истилоҳот баррасӣ гардида, интизор меравад, ки соли равон вусъат дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз ҷумлаи кишварҳои ҳамзабон мебошанд, ки муштаракоти зиёди забонию фарҳангӣ доранд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди тоҷикони Афғонистонро ҳудуди 45 дарсад арзёбӣ мекунанд ва забони форсӣ дар ин кишвар забони муоширати байни ақаллиятҳои миллӣ низ шинохта шудааст.