Тағйири қонуни реклама дар Тоҷикистон: Хато роҳ намеёбад?

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода
Председатель Комитета по языку и терминологии Олимджон Мухаммаджонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки ба қонун дар бораи реклама дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гарданд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, гуфт, дар ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи реклама таҳия шудаанд.
Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки Кумитаи забон якҷо бо дигар мақомоти дахлдор пешниҳод намуд, қонунгузорӣ барои насби овезаю таблиғоте, ки матобиқ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ нестанд, иҷозат надиҳад.
Ӯ далели асосии роҳ ёфтани хатоҳо ба маводи таблиғотию овезаҳоро дар он гуфт, ки ширкату корхонаҳои тавлидкунандаи реклама мутахассиси забон надоранд.
"Дар идораҳои истеҳсолкунанда, аксарият забони давлатиро хуб намедонанд, аз қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бехабаранд, ин яке аз сабабҳои асосии ғалатҳо мебошад", - гуфт раиси Кумитаи забон.
Олимҷон Муҳаммадзода афзуд, ба тавлидкунандагони реклама пешниҳод карданд, ки ҳадди ақал як корманди донандаи хуби забони тоҷикиро ба кор гиранд.
"Вале ин корхонаҳо, ки хусусияти тиҷоратӣ доранд, имконияти молиявӣ надоранд, ё намехоҳанд корманди забондон гиранд, ки боз ҳам ғалатҳо ба чашм мерасанд", - изҳор дошт ӯ.
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Пешниҳоди тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ дар Тоҷикистон қабул нашуд
Тибқи иттилои Кумита, афроду ширкатҳое, ки дар пайи фаҳмондадиҳӣ нақзи қоидаҳои забонро ислоҳ намекунанд, маводи онҳо ба додситонӣ фиристода мешавад ва баъдан тариқи додгоҳ ҷаримабандӣ мегарданд. Аз ҷумла зикр шуд, ки соли 2021 аз ҷониби мақомоти судӣ барои нақзи қонуни забони давлатӣ 57 адад парванда баррасӣ гардида, муттаҳамон ба андозаи 48 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Лентаи хабарҳо
0