https://sputnik.tj/20220214/gazi-moe-tojikiston-arzon-shud-1045835878.html
Гази моеъ дар Тоҷикистон як каме арзон шуд
Гази моеъ дар Тоҷикистон як каме арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷҷикистон нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар давоми як ҳафта то 60 дирам поин рафтааст
2022-02-14T15:35+0500
2022-02-14T15:35+0500
2022-02-14T15:35+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
гази моеъ
нарх
арзон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2cabe493ca2e1c9017a8b5ed1fbbdc12.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме поин рафтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.Ба иттилои манбаъ, агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам буд, санаи 13 феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам поин рафт.Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридоти он аз Қазоқистон марбут медонанд.Бояд гуфт, ки аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба “буҷет”-и ҳар як шаҳрванд таъсир мерасонад.Соли гузашта қимати гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври рекорди боло рафта, аз 8 сомонӣ ҳам гузашт. Намояндагони хадамоти зиддиинҳисорӣ инро борҳо ба болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд.Тибқи омор, соли гузашта ба Тоҷикистон 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст, ки нархи миёнаи як тонна гази моеъ 516 долларро ташкил додааст.Тақрибан 90 дарсади ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ворид мегардад. Боқимонда 8,4 дарсад аз Ӯзбекистон, 1,1 дарсад аз Туркманистон ва 1,08 дарсад аз Русия ба Тоҷҷикистон ворид мешавад.
https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-gaz-moe-tojikiston-1045375940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1c/1040485353_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_685718bc7667793a12092086734dbd36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷҷикитон, гази моеъ, нарх, арзон
тоҷҷикитон, гази моеъ, нарх, арзон
Гази моеъ дар Тоҷикистон як каме арзон шуд
Дар Тоҷҷикистон нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар давоми як ҳафта то 60 дирам поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме поин рафтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
Ба иттилои манбаъ, агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам буд, санаи 13 феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам поин рафт.
Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридоти он аз Қазоқистон марбут медонанд.
Бояд гуфт, ки аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба “буҷет”-и ҳар як шаҳрванд таъсир мерасонад.
Соли гузашта қимати гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври рекорди боло рафта, аз 8 сомонӣ ҳам гузашт. Намояндагони хадамоти зиддиинҳисорӣ инро борҳо ба болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд.
Тибқи омор, соли гузашта ба Тоҷикистон 410,5 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 211,7 миллион доллар ворид шудааст, ки нархи миёнаи як тонна гази моеъ 516 долларро ташкил додааст.
Тақрибан 90 дарсади ҳаҷми умумии гази моеъ аз Қазоқистон ворид мегардад. Боқимонда 8,4 дарсад аз Ӯзбекистон, 1,1 дарсад аз Туркманистон ва 1,08 дарсад аз Русия ба Тоҷҷикистон ворид мешавад.