Медведев хост, назорат бар муҳоҷирон дар Русия пурзӯр шавад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия изҳор дошт, ки бо раҳбарони диаспораҳо корҳои пешгирикунанда роҳандозӣ ва назорат дар маконҳои иқомати муҳоҷирон пурзӯр карда шавад.
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, дар кишвар, дар ҷойҳое, ки муҳоҷирон ба таври ҷамъӣ ба сар мебаранд, хатари ташаккули анклавҳои этникӣ вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин як навъ “давлат дар дохили давлат” аст.
Муовини раиси Шӯрои амният қайд кард, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия шароит фароҳам оварда шавад, аммо амнияти миллӣ ва манофеи худи русҳо дар авлавият боқӣ монад.
"Вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русия афзоиш ёфта, дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 сеяк баробар бештар аст", - гуфт Медведев.
Медведев афзуд, тибқи омори Вазорати умури дохилии Русия, теъдоди бузургтарин диаспораҳо дар ин кишвар аз 1 то 5 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аксаран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд.
Президент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Дмитрий Медведев перед встречей с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Путин дар Русия ниҳоди нави муҳоҷиратӣ таъсис дод
Вай гуфт, бисёре аз муҳоҷирон забони русиро хуб намедонанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил бояд ҳал шавад, то онҳое, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ кардан мехоҳанд, ба Русия биёянд.
Муоинаи тиббии муҳоҷирон бояд ҳатмӣ шавад, афзуд Медведев.
Лентаи хабарҳо
0