https://sputnik.tj/20220212/lavrov-blinken-telefoni-suhbat-1045801032.html
Лавров ва Блинкен телефонӣ суҳбат карданд: сиёсатмадорон аз чӣ гуфтанд
Лавров ва Блинкен телефонӣ суҳбат карданд: сиёсатмадорон аз чӣ гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, бо Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Омрико, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
2022-02-12T20:13+0500
2022-02-12T20:13+0500
2022-02-14T12:14+0500
дар ҷаҳон
сергей лавров
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045387615_0:0:3127:1759_1920x0_80_0_0_2872eab5d15c8e469604c45ba15d2774.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА, телефонӣ суҳбат карда ва дар ҷараёни он гуфт, ки маъракаи таблиғотии Вашингтон ва муттаҳидонаш дар бораи "таҷовузи Русия" алайҳи Украина иғвоангезӣ аст.Дар ин бора дар баёнияи хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад. Чунон ки дар баёнияи Вазорати корхои хориҷӣ қайд мешавад, гуфтушунид бо ташаббуси Амрико сурат гирифт."Вазир таъкид кард, ки маъракаи таблиғотии ИМА ва муттаҳидонаш дар бораи "таҷовузи Русия" алайҳи Украина ҳадафҳои иғвоангезонаро пайгирӣ карда, мақомоти Киевро ба тахриби созишномаҳои Минск ва талошҳои зараровар барои ҳалли "мушкилоти Донбасс" бо истифода аз зӯр ташвиқ мекунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.Афзун бар ин онҳо вокуниши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба пешниҳодҳои Русия дар бораи кафолати амниятро баррасӣ кардаанд. Лавров таъкид кард, ки дар санади ба Маскав супурдашуда муқаррароти калидӣ, пеш аз ҳама дар бораи тавсеа пайдо накардани паймон ва истиқрори маҷмуаҳои аслиҳаи зарбазан дар наздикии марзҳои Русия нодида гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Амрико аз “ҳамла”-и Русия ба Украина дар рӯзҳои наздик бим дорад, аммо роҳи дипломатии ҳалли буҳронро боз медонад.Моҳҳои ахир равобити Русия ва Ғарб боз ҳам муташанниҷ шудааст. Вашингтон ва Брюссел Маскавро дар омодагӣ ба "ҳамла" ба Украина муттаҳам мекунанд ва дар ин замина ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳанд. Нақшаҳое, ки ба Русия барои ташдиди авзоъ дар атрофи Украина нисбат дода мешавад, дар Маскав қотеъона инкор карда мешаванд ва пайваста эълом мекунанд, ки ба касе таҳдид намекунанд ва ҳамаи ин изҳоротҳо барои ҷойгир кардани техникаи низомии НАТО дар наздикии марзҳои Русия баҳона мешаванд.
https://sputnik.tj/20220212/rusiya-ukraina-najot-1045789448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045387615_396:0:3127:2048_1920x0_80_0_0_479b3411e617f655ca81ad3277a46cbd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ,лавров, блинкен
суҳбат, телефонӣ,лавров, блинкен
Лавров ва Блинкен телефонӣ суҳбат карданд: сиёсатмадорон аз чӣ гуфтанд
20:13 12.02.2022 (Навсозишуда: 12:14 14.02.2022) Вашингтон ва Брюссел Маскавро дар омодагӣ ба "ҳамла" ба Украина муттаҳам мекунанд ва дар ин замина ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА, телефонӣ суҳбат карда ва дар ҷараёни он гуфт, ки маъракаи таблиғотии Вашингтон ва муттаҳидонаш дар бораи "таҷовузи Русия" алайҳи Украина иғвоангезӣ аст.
Дар ин бора дар баёнияи хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад.
Чунон ки дар баёнияи Вазорати корхои хориҷӣ қайд мешавад, гуфтушунид бо ташаббуси Амрико сурат гирифт.
"Вазир таъкид кард, ки маъракаи таблиғотии ИМА ва муттаҳидонаш дар бораи "таҷовузи Русия" алайҳи Украина ҳадафҳои иғвоангезонаро пайгирӣ карда, мақомоти Киевро ба тахриби созишномаҳои Минск ва талошҳои зараровар барои ҳалли "мушкилоти Донбасс" бо истифода аз зӯр ташвиқ мекунад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Афзун бар ин онҳо вокуниши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба пешниҳодҳои Русия дар бораи кафолати амниятро баррасӣ кардаанд.
Лавров таъкид кард, ки дар санади ба Маскав супурдашуда муқаррароти калидӣ, пеш аз ҳама дар бораи тавсеа пайдо накардани паймон ва истиқрори маҷмуаҳои аслиҳаи зарбазан дар наздикии марзҳои Русия нодида гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико ба Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Амрико аз “ҳамла”-и Русия ба Украина дар рӯзҳои наздик бим дорад, аммо роҳи дипломатии ҳалли буҳронро боз медонад.
"Котиби давлатӣ нишон дод, ки роҳи дипломатӣ барои ҳалли буҳрон боз боқӣ мемонад, аммо он аз Маскав тақозо мекунад, ки шиддати вазъиятро коҳиш диҳад ва ба музокироти софдилона машғул шавад", - омадааст дар хабари матбуотии Департаменти давлатӣ.
Моҳҳои ахир равобити Русия ва Ғарб боз ҳам муташанниҷ шудааст.
Вашингтон ва Брюссел Маскавро дар омодагӣ ба "ҳамла" ба Украина муттаҳам мекунанд ва дар ин замина ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳанд.
Нақшаҳое, ки ба Русия барои ташдиди авзоъ дар атрофи Украина нисбат дода мешавад, дар Маскав қотеъона инкор карда мешаванд ва пайваста эълом мекунанд, ки ба касе таҳдид намекунанд ва ҳамаи ин изҳоротҳо барои ҷойгир кардани техникаи низомии НАТО дар наздикии марзҳои Русия баҳона мешаванд.