https://sputnik.tj/20220213/omor-giriftori-shifo-covid-tajikistan-1045808101.html
Се баробар зиёд: омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Се баробар зиёд: омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар дод
2022-02-13T12:18+0500
2022-02-13T12:18+0500
2022-02-14T19:54+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
гирифторон
омор
вазорати тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032067555_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_184e6d698831137d001ae0c2ad0576f9.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 нафар мубтало ба OVID-19 шуданд, ки ин дар муқоиса бо нишондоди рӯзҳои қаблӣ бештар аст. Рӯзе пеш гирифтории ду нафар ба қайд гирифта шуда буд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 6 нафари дигар аз ин беморӣ дар шабонарӯзи гузашта шифо ёфтаанд.Тибқи иттилои расмӣ, аз аввали бақайдгирии коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 375 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 17 ҳазору 236 нафар ё 99,2% шифо ёфтаанд. Фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои охир ба қайд гирифта нашудааст ва ҳолатҳои марг ҳамоно 124 мебошад. Маълум нест, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи январи соли равон ба қайд гирифта шуд, кадом навъ аст. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, ахиран гуфт, барои муайян кардани навъи нави коронавирус - омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ доранд, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.Мақомоти тоҷик роҳи муътамади пешгирӣ аз коронавирусро ваксинагирӣ гуфта, гузориш медиҳанд, ки ҳудуди 80% -и сокинони кишвар аллакай эм шудаанд. Моякубишудаҳо тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳанд.Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи адами расмии коронавирус дар ҷумҳурӣ, мақомоти тоҷик рӯзи 21-уми январ аз сабти мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.
https://sputnik.tj/20220211/korshinos-avj-giriftor-koronavirus-1045755316.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032067555_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_d23a6b14f4492d86c482888ac623d5de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор, тоза, гирифторӣ, шифо, фавт, коронавирус
омор, тоза, гирифторӣ, шифо, фавт, коронавирус
Се баробар зиёд: омори тозаи гирифторӣ ва шифо аз COVID-19 дар Тоҷикистон
12:18 13.02.2022 (Навсозишуда: 19:54 14.02.2022) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар дод
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 нафар мубтало ба OVID-19 шуданд, ки ин дар муқоиса бо нишондоди рӯзҳои қаблӣ бештар аст. Рӯзе пеш гирифтории ду нафар ба қайд гирифта шуда буд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 6 нафари дигар аз ин беморӣ дар шабонарӯзи гузашта шифо ёфтаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, аз аввали бақайдгирии коронавирус дар Тоҷикистон то ҳол 17 ҳазору 375 гирифтори COVID-19 сабт шудааст, ки аз ин 17 ҳазору 236 нафар ё 99,2% шифо ёфтаанд. Фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тайи моҳҳои охир ба қайд гирифта нашудааст ва ҳолатҳои марг ҳамоно 124 мебошад.
Маълум нест, ки мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи январи соли равон ба қайд гирифта шуд, кадом навъ аст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, ахиран гуфт, барои муайян кардани навъи нави коронавирус - омикрон ба дастгоҳи тиббии “Секвинор” эҳтиёҷ доранд, ки дар нимаи аввали соли 2022 ба кишвар ворид хоҳад шуд.
Мақомоти тоҷик роҳи муътамади пешгирӣ аз коронавирусро ваксинагирӣ гуфта, гузориш медиҳанд, ки ҳудуди 80% -и сокинони кишвар аллакай эм шудаанд. Моякубишудаҳо тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳанд.
Ваксинзании зидди бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмист. Бо яке аз ин 5 ваксика - "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ройгон моякӯбӣ шудан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи адами расмии коронавирус дар ҷумҳурӣ, мақомоти тоҷик рӯзи 21-уми январ аз сабти мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дода буд.