Коршинос: дар Русия авҷи гирифторӣ ба коронавирус гузашт

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПередача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Олими рус тағйирот дар омори гирифторшавӣ ба коронавирус тайи ҳафтаҳои охир дар Русияро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Авфи мубталошавӣ ба коронавирус дар Русия паси сар шуд. Дар ин бора мудири Пажуҳишгоҳи илмии молекулярӣ - генетикӣ маъруф ба "ДНКОМ", Андрей Исаев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, метавон аз майли камшавии теъдоди беморони коронавирус суҳбат кард.
Олим изҳор дошт, ки дар ду ҳафтаи оянда шумори гирифторони COVID-19 метавонад аз аз шашрақамӣ поин равад.

"Ҳафтаи гузашта Русия ба авҷи мавҷи феълии COVID-19 расид ва феълан поинравӣ сурат мегирад. Фикр мекунам, коҳиш босуръат хоҳад буд, чун инро таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ нишон медиҳад", - изҳор дошт Исаев.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан мудири Пажуҳишгоҳои илмии эпидемиология ва микробиология, Михаил Шелканов изҳор дошт, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҳудуди се сол идома мекунад.
Ин мутахассис мегӯяд, ба раванди пандемияи коронавирус таъсири ҷиддиро махсусиятҳои минтақаӣ мерасонад. Феълан башарият бояд ба ҳаёт дар шароити маҳдудиятҳо дар чанд соли оянда боз омода бошад.
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
"Дастгоҳ надорем": Абдуллозода аз вуҷуди омикрон дар Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард
Ӯ таъкид намуд, ки масъалаи муҳим дар мубориза бо коронавирус масунияти коллективӣ мебошад ва то куҷо ин масуният ба навъҳои ҷадиди коронавирус устувор мемонад.
Эпидемиолог Геннадий Онишенко, табиби хидматнишондодаи Русия изҳор дошта буд, ки пандемия метавонад то майи соли 2022 анҷом ёбад. Дар зимн зарур донист, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда риоя шаванду ваксинагирӣ таҳким ёбад.
Лентаи хабарҳо
0