https://sputnik.tj/20220213/havo-ruzi-istirohat-dar-tojikiston-chi-guna-1045806707.html
Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, рӯзи истироҳат дар бархе аз навоҳии куҳии Тоҷикистон барф ва дар водиҳо борон меборад
2022-02-13T11:07+0500
2022-02-13T11:07+0500
2022-02-14T18:01+0500
дар тоҷикистон
ҳароратӣ
пешгӯӣ
гарм
хунукӣ
барф
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102932/03/1029320344_0:0:1921:1080_1920x0_80_0_0_0f15d5b0a051f0bdf04acf56491125bd.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда буда, дар кӯҳҳо барфу дар водиҳо борон дар назар аст, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносӣ. Бар асоси пешбинии ҳавошиносон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад, хабар додааст "Ховар". Манбаъ афзуд, ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноку дар водиҳо борон ва доманакуҳҳо омехта бо барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда фаро мегирад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.Дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, вале бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад, мегӯянд ҳавошиносон.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102932/03/1029320344_42:0:1749:1280_1920x0_80_0_0_9f5e855eb9055370a22de9cf17854e53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаво, истироҳат, тоҷикистон, тағйирёбанда
ҳаво, истироҳат, тоҷикистон, тағйирёбанда
Ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
11:07 13.02.2022 (Навсозишуда: 18:01 14.02.2022) Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, рӯзи истироҳат дар бархе аз навоҳии кӯҳии Тоҷикистон барф ва дар водиҳо борон меборад
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда буда, дар кӯҳҳо барфу дар водиҳо борон дар назар аст, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносӣ.
Бар асоси пешбинии ҳавошиносон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад, хабар додааст "Ховар".
Манбаъ афзуд, ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноку дар водиҳо борон ва доманакуҳҳо омехта бо барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 дараҷа, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои тағйирёбанда фаро мегирад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, вале бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм, рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад, мегӯянд ҳавошиносон.