https://sputnik.tj/20220212/shoygu-afghoniston-terrorist-doish-1045785789.html
Шойгу: Дар Афғонистон террористҳои ДИИШ* ду баробар зиёданд
Шойгу: Дар Афғонистон террористҳои ДИИШ* ду баробар зиёданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия мегӯяд, ки ДИИШ * фаъолияти худро дар минтақа тақвият медиҳад, тибқи маълумоти мавҷуд, ҳоло шумораи ҷангҷӯён ду баробар афзоиш ёфтааст
2022-02-12T09:00+0500
2022-02-12T09:00+0500
2022-02-12T19:07+0500
сергей шойгу
бритониё
доиш
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982283_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_a28b9b99f81c2d9417b4226deef599fa.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди террористони "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон ахиран ду баробар афзоиш ёфтааст.Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои бритониёияш Бен Уоллес иттилоъ дод. Илова бар ин Шойгу, вазири дифои Русия аз эҳтимоли истифодаи силоҳи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯйи террористон изҳори нигаронӣ кард.Ғайр аз ин, ба гуфти вазир, дар ин мамлакат комплекси зенити-ракетии "Javelin"-и бритониёӣ, инчунин Комплекси сайёри мушакии зенитӣ бар зидди ҳавопаймоҳо боқӣ мондаанд, ки зиёда аз 150 адад мебошанд. Ба гуфтаи Сергей Шойгу, бо назардошти афзоиши шумори ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ҳамаи ин хатар эҷод мекунад."Барои мо фаҳмидани он душвор аст, ки ин силоҳҳо ба куҷо ва ба кадом дастҳо меафтанд. Мо намехоҳем, ки ин мавзуъ дар канор равад. Мисли мавзуи паноҳандагон аз Афғонистон. Мисли мавзуи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон", - хулоса кард вазири мудофиаи Русия.* ДИИШ – созмони “Давлати исломӣ” бо қарори Додгоҳи Олии Федератсияи Русия аз 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф шудааст.
https://sputnik.tj/20220210/spad-jangjuyon-marz-tojikiston-afghoniston-1045717174.html
бритониё
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1f/1041982283_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_8bd0939ae949cc515da421adf2a8c714.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шойгу афғонистон террористҳо дииш*
шойгу афғонистон террористҳо дииш*
Шойгу: Дар Афғонистон террористҳои ДИИШ* ду баробар зиёданд
09:00 12.02.2022 (Навсозишуда: 19:07 12.02.2022) Вазири дифои Русия мегӯяд, ки ДИИШ* фаъолияти худро дар минтақа тақвият медиҳад ва тибқи маълумоти мавҷуд, ҳоло шумораи ҷангҷӯён ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Теъдоди террористони "Давлати исломӣ"* дар Афғонистон ахиран ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои бритониёияш Бен Уоллес иттилоъ дод.
Илова бар ин Шойгу, вазири дифои Русия аз эҳтимоли истифодаи силоҳи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ дар Афғонистон аз сӯйи террористон изҳори нигаронӣ кард.
"Мехоҳам, таҷрибаи ғамангези интиқоли аслиҳа ба давлатҳои алоҳидаро ёдовар шавам. Хотиррасон мекунам, ки дар Афғонистон ба маблағи қариб 80 миллиард доллар (ред.) силоҳ боқӣ монда буд", — гуфт Шойгу.
Ғайр аз ин, ба гуфти вазир, дар ин мамлакат комплекси зенити-ракетии "Javelin"-и бритониёӣ, инчунин Комплекси сайёри мушакии зенитӣ бар зидди ҳавопаймоҳо боқӣ мондаанд, ки зиёда аз 150 адад мебошанд.
Ба гуфтаи Сергей Шойгу, бо назардошти афзоиши шумори ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ҳамаи ин хатар эҷод мекунад.
"Барои мо фаҳмидани он душвор аст, ки ин силоҳҳо ба куҷо ва ба кадом дастҳо меафтанд. Мо намехоҳем, ки ин мавзуъ дар канор равад. Мисли мавзуи паноҳандагон аз Афғонистон. Мисли мавзуи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон", - хулоса кард вазири мудофиаи Русия.
* ДИИШ – созмони “Давлати исломӣ” бо қарори Додгоҳи Олии Федератсияи Русия аз 29 декабри соли 2014 созмони террористӣ эътироф шудааст.