Садамаи маргбор дар Хуҷанд: ҳалокати зани 36-сола зери чархи "Дулан"

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВ связи с новыми правилами ПДД вырос спрос на автомобильный знак "Шипы"
В связи с новыми правилами ПДД вырос спрос на автомобильный знак Шипы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Бехатарии роҳро риоя карда натавонистани ронанда боиси садамаи марговар гардидааст
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги мудҳиши як чавонзан дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ, ин ҳодисаи нохуш нисфирӯзии 11-уми феврал, тахминан соати 13:40- дақиқа рух додааст.
Ронандаи автомашинаи "Дулан", ки боиси марги ин зан шуд, сокини 30- солаи шаҳри Хуҷанд Салимов Сабур Солиевич будааст.
Ӯ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Солиева Матлуба Каримовна, сокини 36-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро пахш намудааст.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Фавти олими ҷавон Фарҳод Раззоқов дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Панҷакент - Айнӣ"
Дар натиҷа пиёдагард Солиева М.К. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзуд манбаъ
Пиёдагарди дигар, ки ҳамроҳи ӯ буд, Дадобоева Мухбираи 34-сола сокини ноҳияи мазкур будааст, ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0