Фавти олими ҷавон Фарҳод Раззоқов дар пайи садамаи мудҳиш дар роҳи Панҷакент - Айнӣ"

© Sputnik / Табылды КадырбековДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Сонеҳаи нақлиётие дар ноҳияи Айнӣ ҷони як бостоншиноси ҷавон, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро рабудааст
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар роҳи Панҷакент - Айнӣ пас аз зуҳри 30-юми январ садамаи маргбори нақлиётӣ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-бенс", Раззоқов Фарҳод Абдурауфовичи 38-сола, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди мавзеи дашти Сиёвардаи ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Зарафшон чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Раззоқов Фарҳод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашина Насруллоев Меҳриддин Тошмуродович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, афзудааст манбаъ.
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Ронандаи BMW аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ВУД садамаи пурқурбонӣ дар Суғдро шарҳ дод
Бино ба навиштаи рӯзноманигор Хуршед Фозилов, Фарҳод Раззоқов, номзади илмҳои таърих бостоншинос ва фарзанди бостоншиноси шинохта Абдурауф Раззоқов мебошад, ки дар давлатҳои Олмон ва Русия таҷрибаи кориашро сайқал додааст.
Ӯ мудири кафедраи бостоншиносӣ дар Донишгоҳи славянӣ ва унвони илмиашро дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳимоя намуда буд.
Гуфта мешавад, саҳми Фарҳод Раззоқов дар ковишҳои бостоншиносӣ дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм назаррас аст.
Лентаи хабарҳо
0