Дастури раиси Мастчоҳ ба кормандонаш: Аввал фарзандони худро ба артиш фиристед

© Дафтари матбуотии ҳукумати МастчоҳАъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2022
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Мастчоҳ бо натиҷагирӣ аз даъвати ҳарбии солҳои гузашта бо масъулин дастур додааст, ки даъвати навбатӣ давоми 10 рӯз ба иҷро расонида шавад
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар як ҷаласа вазъи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбиро баррасӣ намуд.
Бар пояи иттилое, ки дафтари матбуотии ҳукумати Мастчоҳ ба нашр расонд, дар ҷаласаи ахираш раиси ноҳия аз ҷой доштани камбудиҳои солҳои қаблӣ ёдоварӣ намуда, ба ҳамаи зердастонаш дастур додааст, ки дар ин маъракаи муҳим аз худ ташаббус нишон дода, фарзанду пайвандонашонро ба хидмати сарбозӣ сафарбар намоянд.
“Муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолонро зарур аст, ки дар ин самт намунаи ибрат бошанд. Аввал фарзандон ва хешу табори худро ба хидмати ҳарбӣ фиристед ва пас аз шаҳрвандон талаб намоед”, - таъкид кардааст Ализода.
Ӯ гуфтааст, "агар худи мо дар сафи пеш набошем, аз мардум талаб намудани пешсафӣ ғайриимкон ва берун аз инсофу виҷдон аст".
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Ин дастури раиси ноҳияи Масчоҳ дар ҳоле буда, ки ҳамасола бо шуруъ шудани маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ин мавзуъ доғ мешавад.
Дар даъвати тирамоҳии ҷавонон дар поёни соли гузашта хабарҳои зиёде дар бораи ҳодисаҳои ба истилоҳ "облава" расонаӣ шуданд.
Масъулин сарпечии ҷавонон аз хидмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ медонанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту чаро писарони афроди мансабдор аз хидмат парҳез мекунанд?
Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар ҷараёни зимни даъвати ҷавонон ба сарбозӣ садо медиҳанд.
Аҳад Аҳмадзода, комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ дар ҷаласаи назди раиси ноҳия дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ иттилоъ дода гуфтааст, ки бо вуҷуди ба тасвиб расидани қарори раиси ноҳия омодагӣ ба он ба талабот ҷавобгӯ нест.
Ӯ, аз масъулини ноҳия даъват намудааст, ки барои дар муҳлати муқарраршуда иҷро намудани нақшаи даъват аз ҳоло корбариро оғоз намоянд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ аз ҷойдошти камбудӣ дар давраҳои қаблии сафарбарии ҷавонон ба сафи артиш ёдовар шуда, масъулонро муваззаф намуд, ки ба кашолкорӣ роҳ надиҳанд ва нақшаи даъвати баҳориро давоми даҳ рӯз ба иҷро расонанд.
“Мо маъракаи даъвати тирамоҳии соли сипаригардидаро таҳлил карда баромадем ва дидем, ки баъзе аз шахсони масъул ба хунукназариҳо роҳ додаанд. Мо гурӯҳи корӣ ташкил кардем ва шахсони мутасаддиро вобаста мекунем, ки ҳамарӯза, то оғози даъват кор кунанд. Мо бояд дар даҳрӯзаи аввал нақшаи даъватро ба иҷро расонем. Ҳар касе ба хунукназарӣ роҳ диҳад, нисбаташ чораҳои қатъӣ андешида мешавад”, - гуфтааст Аъзам Ализода.
Дар Тоҷикистон соле ду дафъа давраҳои фиристодани ҷавонон ба сафи артиш муқаррар гаштааст.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел - май ва даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр - ноябр баргузор мешаванд, ки бо фармони раисҷумҳур шуруъ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0