https://sputnik.tj/20220212/muhojir-kushtor-istra-etirof-gunoh-khuddori-1045796989.html
Муҳоҷири гумонбар дар куштори фурӯшанда дар Истра аз эътирофи гуноҳаш худдорӣ кард
Муҳоҷири гумонбар дар куштори фурӯшанда дар Истра аз эътирофи гуноҳаш худдорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми ғорати фурӯшгоҳ дар вилояти Маскав, ки боиси марги фурӯшандаи мағоза шуд, боздошт шуда буд, аз баёноти худ даст кашид
2022-02-12T18:36+0500
2022-02-12T18:36+0500
2022-02-12T20:41+0500
вилояти назди маскав
куштор
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ғоратгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/64/1024666486_0:0:2847:1602_1920x0_80_0_0_ccbce11ea573e60d70e877c4984d5f58.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Яке аз чаҳор муттаҳам дар ҳамла ба мағозаи "Пятерочка" дар Истраи вилояти Маскав гуфтааст, ба гуноҳи худ иқрор намешавад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин боздоштшуда, ӯ ният дорад, аз болои қарори ҳабсаш шикоят кунад. Гуфта мешавад, ки Зафар Худойқулов дар оғоз ба гуноҳаш иқрор шуду баъдан аз он даст кашид. Эълони айб алайҳи тоҷикистониёни муттаҳам дар ғорати мағоза ва марги фурӯшандаАйбдоршаванда изҳор дошта, ки ба гуноҳаш иқрор намешавад, чун тасодуфан дар ҷойи ҷиноят қарор гирифтааст. Қаблан додгоҳи Истраи вилояти Маскав чаҳор зодаи Тоҷикистонро боздошт карда буд. Ҳабибулло Муҳамадиев, Зафар Худойқулов, Назирқул Бобоқулов ва Акбаралӣ Бурҳонов ба ғорати як мағозаи "Пятерочка"-и ноҳияи Истра, ки дар натиҷаи он хазинадори мағоза ба ҳалокат расидааст, муттаҳам мешаванд. Ёдовар мешавем, ки шоми 8 феврал афроди ношинос ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, хазинадорро шадидан латукӯб карданд. Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Людмила Вяткинаи 51-сола то охир муқовимат нишон дода мехост, фирор кунад.Ҷузъиёти нави ғоратгарӣ ва куштори даҳшатнок дар Истра: мақомот номи муҳоҷиронро гуфтанд Аммо ҳамлагарон чун диданд, ки зан аз ҷойяш бархост, ӯро бо дастчӯб боз заданд. Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Гумонбарон дар ин ғорат, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар давоми чанд соат дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд. Ҳамлагарон дар рустои Чесноково дар ҳудуди ноҳияи Истра боздошт шуданд.
https://sputnik.tj/20220209/navor-ghoratgari-kushtor-maskav-1045688224.html
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102466/64/1024666486_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6b0393d09cdf374599bedd7c9013e3e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор, ғартагрӣ, мағоза, истра
куштор, ғартагрӣ, мағоза, истра
Муҳоҷири гумонбар дар куштори фурӯшанда дар Истра аз эътирофи гуноҳаш худдорӣ кард
18:36 12.02.2022 (Навсозишуда: 20:41 12.02.2022) Яке аз зодагони Тоҷикистон, муттаҳам дар ғорати фурӯшгоҳ дар вилояти Маскав ва марги фурӯшандаи ин мағоза, ки боздошт шуда буд, аз баёноти худ даст кашид
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Яке аз чаҳор муттаҳам дар ҳамла ба мағозаи "Пятерочка" дар Истраи вилояти Маскав гуфтааст, ба гуноҳи худ иқрор намешавад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин боздоштшуда, ӯ ният дорад, аз болои қарори ҳабсаш шикоят кунад.
Гуфта мешавад, ки Зафар Худойқулов дар оғоз ба гуноҳаш иқрор шуду баъдан аз он даст кашид.
Айбдоршаванда изҳор дошта, ки ба гуноҳаш иқрор намешавад, чун тасодуфан дар ҷойи ҷиноят қарор гирифтааст.
Қаблан додгоҳи Истраи вилояти Маскав чаҳор зодаи Тоҷикистонро боздошт карда буд.
Ҳабибулло Муҳамадиев, Зафар Худойқулов, Назирқул Бобоқулов ва Акбаралӣ Бурҳонов ба ғорати як мағозаи "Пятерочка"-и ноҳияи Истра, ки дар натиҷаи он хазинадори мағоза ба ҳалокат расидааст, муттаҳам мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 8 феврал афроди ношинос ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, хазинадорро шадидан латукӯб карданд.
Дар навор дида мешавад, чӣ гуна Людмила Вяткинаи 51-сола то охир муқовимат нишон дода мехост, фирор кунад.
Аммо ҳамлагарон чун диданд, ки зан аз ҷойяш бархост, ӯро бо дастчӯб боз заданд.
Ҷабрдида бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Гумонбарон дар ин ғорат, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар давоми чанд соат дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Ҳамлагарон дар рустои Чесноково дар ҳудуди ноҳияи Истра боздошт шуданд.