https://sputnik.tj/20220209/navor-ghoratgari-kushtor-maskav-1045688224.html
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як нуқтаи савдо ҳамлаи ғоратгарӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа яке аз кормандони ин корхона кушта шуд.
2022-02-09T18:40+0500
2022-02-09T18:40+0500
2022-02-09T19:22+0500
видео
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045673926_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_1cc6c0894155d2d1b31470c88092f6a5.jpg
Шаби 9 феврал чаҳор нафар ба як мағозаи хӯрокворӣ дар Истра, воқеъ дар наздикии Маскав ҳамла карданд. Ғоратгарон директори фурӯшгоҳ, хазинадор ва шавҳари хазинадорро латукӯб карда, аз касса 96 ҳазор рубли русиро дуздида, сипас ба самти номаълум ғайб задаанд. Хазинадори 51-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду ҷабрдидаи дигар ба беморхонаи наздиктарин интиқол дода шудаанд. Аз навор дида мешавад, ки мардони номаълуми ниқобпӯш дар атрофи мағоза сайру гашт мекунанд ва зане дар фарш бе ҳаракат хобидааст. Боздошти зодагони Тоҷикистон дар вилояти Маскав: фурӯшандаро кушта, мағозаро ғорат кардандПас аз он ҳамлагарон сейфи ҳуҷраи ёрирасонро кушода, ҷои ҳодисаро тарк мекунанд. Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи моддаи ғоратгарӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, гуфт Олга Врадий, ёрдамчии калони сардори идораи вилоятии Кумитаи тафтишоти Русия.Кормандони Вазорати корҳо дар деҳаи ҳамсоя ҳамаи ҳамлагаронро зуд дастгир карданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони аз 18 то 41-солаи Тоҷикистон будаанд. Ба гуфтаи Врадий, дар ояндаи наздик нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораи эҳтиётӣ андешида мешавад.Вай ҳамчунин қайд кард, ки Кумитаи тафтишот қонунӣ будани ҳузури ғоратгарон дар Русияро тафтиш мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Ужасающие кадры нападения на магазин "Пятерочка" в Истре и допрос задержанных
Sputnik Тоҷикистон
Ужасающие кадры нападения на магазин "Пятерочка" в Истре и допрос задержанных
2022-02-09T18:40+0500
true
PT1M32S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045673926_311:0:1751:1080_1920x0_80_0_0_be473249b40a73f9ee3850916652136a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғоратгарии фаҷеъ, куштор, истра
ғоратгарии фаҷеъ, куштор, истра
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
18:40 09.02.2022 (Навсозишуда: 19:22 09.02.2022) Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба як нуқтаи савдо ҳамла карда, хазинадори мағозаро бераҳмона куштанд
Шаби 9 феврал чаҳор нафар ба як мағозаи хӯрокворӣ дар Истра, воқеъ дар наздикии Маскав ҳамла карданд.
Ғоратгарон директори фурӯшгоҳ, хазинадор ва шавҳари хазинадорро латукӯб карда, аз касса 96 ҳазор рубли русиро дуздида, сипас ба самти номаълум ғайб задаанд.
Хазинадори 51-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду ҷабрдидаи дигар ба беморхонаи наздиктарин интиқол дода шудаанд.
Аз навор дида мешавад, ки мардони номаълуми ниқобпӯш дар атрофи мағоза сайру гашт мекунанд ва зане дар фарш бе ҳаракат хобидааст.
Пас аз он ҳамлагарон сейфи ҳуҷраи ёрирасонро кушода, ҷои ҳодисаро тарк мекунанд.
Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи моддаи ғоратгарӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, гуфт Олга Врадий, ёрдамчии калони сардори идораи вилоятии Кумитаи тафтишоти Русия.
Кормандони Вазорати корҳо дар деҳаи ҳамсоя ҳамаи ҳамлагаронро зуд дастгир карданд.
Ҳамаи онҳо шаҳрвандони аз 18 то 41-солаи Тоҷикистон будаанд. Ба гуфтаи Врадий, дар ояндаи наздик нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораи эҳтиётӣ андешида мешавад.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Кумитаи тафтишот қонунӣ будани ҳузури ғоратгарон дар Русияро тафтиш мекунад.