https://sputnik.tj/20220211/vkd-ronanda-taksi-dushanbe-bozdosht-1045751969.html
Боздошти мусофири муттаҳам дар ғорати ронандаҳои таксӣ дар Душанбе
Боздошти мусофири муттаҳам дар ғорати ронандаҳои таксӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ронандаҳои милиса аз ҳолатҳои ғорати ошкорояшон аз сӯи мусофири ҷавоне дар Душанбе шикоят кардаанд
2022-02-11T12:50+0500
2022-02-11T12:50+0500
2022-02-12T13:34+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ронанда
таксӣ
мусофир
боздошт
ғорат
муттаҳам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/42/1028804256_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_9f5a6de7f18acec3a78f281264423d47.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ронандаи 30-солаи ширкати "1111-таксӣ" ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки мавриди ғорати мусофире қарор гирифтааст. Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ин ҳодиса, 9-уми феврал, тахмин соати 00:30 рух додааст. "Ронандаи таксӣ аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор карда, то кӯчаи Рӯдакӣ, назди бинои 164 овардааст. Ин шахс бо роҳи ошкоро 1 телефони мобилии арзишаш 1 ҳазору 850-сомонии ронандаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст", - афзуд манбаъ. Инчунин бо ҳамин мазмун ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, ронандаи 27-солаи ширкати "1111-таксӣ", сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат кардааст. Ӯ арз доштааст, ки шоми 2-юми феврали соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор кардааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноёт боздошт гардид. Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
https://sputnik.tj/20220209/bozdosht-ronanda-taks-khudrav-hamkoron-otash-1045666107.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102880/42/1028804256_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_eca89b8012054b4ac682305fa0ce2b78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт, муттаҳам, ғорат, ронанда, таксӣ
боздошт, муттаҳам, ғорат, ронанда, таксӣ
Боздошти мусофири муттаҳам дар ғорати ронандаҳои таксӣ дар Душанбе
12:50 11.02.2022 (Навсозишуда: 13:34 12.02.2022) Ронандаҳо ба милиса аз ҳолатҳои ғорати ошкорояшон аз сӯйи мусофири ҷавоне дар Душанбе шикоят кардаанд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ронандаи 30-солаи ширкати "1111-таксӣ" ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки мавриди ғорати мусофире қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ин ҳодиса, 9-уми феврал, тахмин соати 00:30 рух додааст.
"Ронандаи таксӣ аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор карда, то кӯчаи Рӯдакӣ, назди бинои 164 овардааст. Ин шахс бо роҳи ошкоро 1 телефони мобилии арзишаш 1 ҳазору 850-сомонии ронандаро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст", - афзуд манбаъ.
Инчунин бо ҳамин мазмун ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, ронандаи 27-солаи ширкати "1111-таксӣ", сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат кардааст.
Ӯ арз доштааст, ки шоми 2-юми феврали соли равон, тахминан соати 18:30-дақиқа аз маҳаллаи 46-уми пойтахт шахси ношиносеро савор кардааст.
"Мусофир ҳангоми расидан дар назди хобгоҳи "Алкабир" бо роҳи ошкоро як телефони ронанда, арзишаш 4 ҳазору 500-сомониро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - хабар дод ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноёт боздошт гардид. Таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.