https://sputnik.tj/20220211/tojikiston-kishvar-irtibot-havo-1045747188.html
Тоҷикистон бо ду кишвари дигар масири ҳавоӣ боз мекунад
Тоҷикистон бо ду кишвари дигар масири ҳавоӣ боз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷумҳурӣ ба ду кишвари дигар парвоз имконпазир мегардад: парвозҳо ҳанӯз соли 2022 ба нақша гирифта шудаанд
2022-02-11T10:39+0500
2022-02-11T10:39+0500
2022-02-12T13:02+0500
дар тоҷикистон
парвозҳои мустақим
украина
литва
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_0:164:2344:1483_1920x0_80_0_0_04b6b9496bb7cded8f26533de09d1196.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду кишвари дигар иртиботи ҳавоӣ барқарор кард. Дар ин бора ба хабарнигорон раиси Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода хабар дод. Дар соли 2021 ин ниҳод ҳуҷҷатҳоро барои парвозҳои мустақим ба Украина омода кардааст. Эҳтимол аст, аз Душанбе ба Киев парвози мустақими рафту баргашт ба роҳ монда шавад.Қаблан ин мавзуъро сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода дар мулоқот бо вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко матраҳ карда буд.Намояндагони давлатҳо қайд карданд, ки чунин тадбирҳо барои инкишофи ҳамкории минбаъдаи байни кишварҳо заруранд. Илова бар ин вай гуфт, ки дар соли 2021 380 ҳазор нафар аз хидмати ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр”-и Тоҷикистон истифода кардаанд. Ин нисбат ба соли 2020 45% зиёд аст. "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2021 ба беш аз 1,5 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2020 906 ҳазор нафар зиёд аст", - таъкид кард роҳбари агентӣ. Ба гуфтаи Субҳонзода, ҳаракати ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, пурра барқарор шуд. Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо тақрибан 120 парвоз анҷом дода мешавад.
https://sputnik.tj/20220210/tojikiston-rusiya-parvoz-1045701994.html
украина
литва
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_62:0:2146:1563_1920x0_80_0_0_4b651713933e3518eca98668c8b76767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ду кишвар масир ҳавоӣ боз
тоҷикистон ду кишвар масир ҳавоӣ боз
Тоҷикистон бо ду кишвари дигар масири ҳавоӣ боз мекунад
10:39 11.02.2022 (Навсозишуда: 13:02 12.02.2022) Аз ҷумҳурӣ ба ду кишвари дигар парвози ҳавопаймоҳо имконпазир мегардад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон бо ду кишвари дигар иртиботи ҳавоӣ барқарор кард. Дар ин бора ба хабарнигорон раиси Агентии авиатсияи граждании кишвар Икром Субҳонзода хабар дод.
Дар соли 2021 ин ниҳод ҳуҷҷатҳоро барои парвозҳои мустақим ба Украина омода кардааст. Эҳтимол аст, аз Душанбе ба Киев парвози мустақими рафту баргашт ба роҳ монда шавад.
Қаблан ин мавзуъро сафири Тоҷикистон Давлаталӣ Назризода дар мулоқот бо вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Игор Петрашко матраҳ карда буд.
Намояндагони давлатҳо қайд карданд, ки чунин тадбирҳо барои инкишофи ҳамкории минбаъдаи байни кишварҳо заруранд.
"Ҳамчунин асноди танзими иртиботи ҳавоии Тоҷикистону Литва, ки соли 2022 ифтитоҳ мешавад, омода шудааст", - гуфт Субхонзода.
Илова бар ин вай гуфт, ки дар соли 2021 380 ҳазор нафар аз хидмати ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр”-и Тоҷикистон истифода кардаанд. Ин нисбат ба соли 2020 45% зиёд аст.
"Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2021 ба беш аз 1,5 миллион мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2020 906 ҳазор нафар зиёд аст", - таъкид кард роҳбари агентӣ.
Ба гуфтаи Субҳонзода, ҳаракати ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2020 бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, пурра барқарор шуд.
Ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо тақрибан 120 парвоз анҷом дода мешавад.