https://sputnik.tj/20220210/tojikiston-rusiya-parvoz-1045701994.html
Мисли пеш аз пандемия Тоҷикистону Русия парвозҳоро пурра аз сар гирифтанд
Мисли пеш аз пандемия Тоҷикистону Русия парвозҳоро пурра аз сар гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати ҳавоӣ байни кишварҳо, ки аввал дар давраи пандемия қатъ шуда, баъдан бо ҳаҷми кам дубора барқарор шуд, пурра роҳандозӣ гардид
2022-02-10T12:38+0500
2022-02-10T12:38+0500
2022-02-10T16:57+0500
парвозҳо
дар тоҷикистон
дар русия
чипта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_0:257:2650:1748_1920x0_80_0_0_d1bd8e06404f5d89b5fa1f79770d9496.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия равобити ҳавоии миёни худ то замони пешазҳамагириро барқарор карданд. Дар ин бора Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз анҷом мешавад.Субҳонзода қайд кард, ки ин рақам аз барқарории пурраи парвозҳо шаҳодат медиҳад. Чунин миқдор парвоз пеш аз пандемия сурат мегирифт. Дар мавриди болоравии нархи чиптаҳо миёни кишварҳо гуфта мешавад, ки ин масъала бо ҷониби Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ӯ қайд кард, ки "динамикаи поин рафтани нархҳо аллакай ба назар мерасад". "Мо ба таври қатъӣ то ба охир исрор хоҳем кард, ки нархҳо дар доираи хароҷоте, ки дар ин хатсайрҳо сарф мешаванд, бошанд", - гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20220201/hukumat--fazo-ozod-raisi-khadamot-roh-arzonii-bilet-1045376441.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1f/1043191141_294:0:2650:1767_1920x0_80_0_0_5bacacdba43382fcb93c12944eb29d18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пандемия тоҷикистон русия парвоз
пандемия тоҷикистон русия парвоз
Мисли пеш аз пандемия Тоҷикистону Русия парвозҳоро пурра аз сар гирифтанд
12:38 10.02.2022 (Навсозишуда: 16:57 10.02.2022) Ҳаракати ҳавоӣ байни ин кишварҳо, ки аввал дар давраи пандемия қатъ шуда, баъдан бо таваҷҷуҳ ба шароити пандемӣ барқарор шуд, пурра роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Русия равобити ҳавоии миёни худ то замони пешазҳамагириро барқарор карданд.
Дар ин бора Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар як ҳафта байни кишварҳо 120 парвоз анҷом мешавад.
Субҳонзода қайд кард, ки ин рақам аз барқарории пурраи парвозҳо шаҳодат медиҳад. Чунин миқдор парвоз пеш аз пандемия сурат мегирифт.
Дар мавриди болоравии нархи чиптаҳо миёни кишварҳо гуфта мешавад, ки ин масъала бо ҷониби Русия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
"Дар оҷонсӣ ҷаласаи изтирорӣ баргузор шуд. Мо ба намояндагони он ширкатҳое, ки ба ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни кишварҳо машғуланд, занг задем. Дар ин замина корҳо идома доранд. Натиҷа аллакай ҳаст", - гуфт ӯ.
Ӯ қайд кард, ки "динамикаи поин рафтани нархҳо аллакай ба назар мерасад".
"Мо ба таври қатъӣ то ба охир исрор хоҳем кард, ки нархҳо дар доираи хароҷоте, ки дар ин хатсайрҳо сарф мешаванд, бошанд", - гуфт ӯ.