Путин дар Русия ниҳоди нави муҳоҷиратӣ таъсис дод

© Sputnik / Dmitry Astakhov / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Дмитрий Медведев перед встречей с членами правительства РФ
Президент РФ Владимир Путин и председатель правительства РФ Дмитрий Медведев перед встречей с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Комиссия бо роҳбарии муовини раиси Шӯрои амнияти Русия вазифаҳои асосӣ дар соҳаи муҳоҷиратро иҷро хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравии Шӯрои амнияти Русия дар умури такмили сиёсати давлатӣ дар бахши муҳоҷиратро ба имзо расонд.
Сандаи мазкур дар сомонаи расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр гардидааст.
Масъулияти ниҳоди нав бар дӯши муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, ки феълан Дмитрий Медведев мебошад, гузошта шудааст.
Ҳадафи ассосии комиссия ин таъмини амнияти миллии ин кишвар дар бахши муҳоҷират ва танзими равандҳои муҳоҷират ба манфиати рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Ғайр аз ин комиссия фаъолияти мақомот ва ташкилотхои гуногунро дар ин соҳа ҳамоҳанг хоҳад кард.
Қаблан Дмитрий Медведев аз ба вуҷуд омадани тағйирот дар сиёсати муҳоҷиратии Русия хабар дода буд.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
Ба гуфтаи вай, вуруди муҳоҷирон ба Русия бояд як “раванди мутамаддин” бошад. Аз ин рӯ дар ин соҳа тадбирҳои “ҳам нарму ҳам сахт” бояд андешид.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, "қоидаҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ аз як тараф бояд мусоид ва аз тарафи дигар, ба таври қобили мулоҳиза сахтгирона бошанд, то муҳоҷирон қонунгузории Русияро пурра риоя намоянд".
Илова бар ин Дмитрий Медведев бар зарурати мутобиқшавии муҳоҷирон ва донистани ҳатмии забон ва фарҳанги Русия ишора карда буд.
Бояд гуфт, ки Русия такмили сиёсати муҳоҷиратии худро идома медиҳад. Дар ин кишвар як қатор қонунҳои нав, ки ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рабт доранд, таҳия шудаанд.
Барои мисол аз 29 декабри соли 2021 шаҳрвандони хориҷие, ки ба муҳлати беш аз 90 рӯз вориди Русия мешаванд, бояд изи ангушт супоранду аксбардорӣ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0