Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар сарҳад ором аст: мақомоти тоҷик ҳодисаи ахири марзиро шарҳ доданд

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони ду кишвар боз як баҳси марзӣ сурат гирифт, ки хушбахтона, дер давом накард ва бо роҳи мусолиҳатомез ҳал шуд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамарз бо ноҳияи Лайлак ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки баҳси марзӣ дар ҳоли ҳозир ҳал шуд ва феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон оромаст.
Вай гуфт, мушкилот ҳанӯз се рӯз қабл оғоз шуда буд.

“Қирғизҳо дар деҳаи Мақсад, ки ҳанӯз минтақаи баҳсӣ аст, ба корҳои сохтмонӣ оғоз карданд. Онҳо дар ин минтақа ба хобонидани лӯлаи обгузар машғул шуданд”, - гуфт оқои Одинаев.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки давоми чанд рӯз ду-се бор сарҳадбонон, раиси ҷамоат ба ҷои ҳодиса рафта, дидану мақомоти ҷониби Қирғизистонро дар бораи манъи корҳои сохтмонӣ огоҳ карда буданд, аммо сокинони деҳаи Мақсад аз амалкарди худсаронаи худ даст накашида, имрӯз ҳам ба корҳои сохтмонии худ идома доданд.
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Боз чӣ шуд? Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Пас аз сарфи назар кардани даъвои ҷониби Тоҷикистон сокинони деҳаи Қалъачаи ноҳия, ки наздикии ҳамон минтақа зиндагӣ мекунад ва чандин сол наметавонистанд девор бисозанд, ба сохтмони девори манзили худ оғоз карданд.

“Вақте ки ҷониби Тоҷикистон корҳои сохтмониро шуруъ кард, зуд сарҳадбонону сокинони Қирғизистон дар ин минтақа ҷамъ меоянд. Сипас намояндагони сохторҳои қудратӣ, сарҳадбонон ва раисони ҷамоатҳо вохӯрданд ва тамоми корҳои сохтмониро аз ҳар ду ҷониб боздоштанд”, - гуфт муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ҳар ду тараф корҳои сохтмонӣ манъ карда шудааст.
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар марз ором аст ва сокинони деҳаҳои наздимарзӣ, ки дар наздикии майдон ҷамъомада буданд, пароканда шуданд.
Ситуация на таджикско-кыргызской границе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон ба хонаводаҳои қурбониёни даргирии марзӣ маблағ дод
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи наздимарзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22, 5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.

Танишу созиши апрелӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон28 апрел дар пайи як баҳссари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониёназ ҳарду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистоназ ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабардод.

Муноқишаи январӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирии ахири миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистонто 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар, аз ҷумла6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон теъдоди маҷруҳоназ ҷониби Тоҷикистонро 13 нафар мегӯянд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар инкишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Баъдан Қирғизистонва Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ва ҳамчунин дар бораи хуруҷи нерӯҳои изофӣ ватехника ба ҷойҳои мустақар ба мувофиқа расиданд.
Рӯзи7 феврал Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марз ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳукумати Қирғизистон замону макони музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро гуфт Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон дар мавриди замону макони музокироти навбатии марзӣ созоиш шудааст 07.02.2022
Аз 10 то 15 феврал дар хоки Қирғизистон гуфтушуниди навбатии намояндагони мақомотиду кишвар барпо мегардад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Лентаи хабарҳо
0