Эълони айб алайҳи тоҷикистониёни муттаҳам дар ғорати мағоза ва марги фурӯшанда

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти тафтишотии вилояти Маскав эълон карданд, ки алайҳи афроди муттаҳам дар ҳамла ба мағозаи "Пятёрочка" айб эълон гардид
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Алайҳи ҳамлагарон ба мағозаи "Пятёрочка" дар шаҳри Истра барои то марг кӯфтани фурӯшанда айб эълон шуд, хабар дод ёвари сардори Сарраёсати тафтишотии вилояти Маскав Олга Врадий.
"Нисбати чор шаҳрванди яке аз кишварҳои ҳамсоя барои роҳзанӣ ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба фурӯшанда, ки бо марг анҷомид, айб эълон шуд. Муфаттиш аз додгоҳ ҳабси пешакии муттаҳамонро талаб кард", - навиштааст РИА "Новости" аз қавли Врадий.
Ужасающие кадры нападения на магазин Пятерочка в Истре и допрос задержанных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
Ин ҳодисаи роҳзанӣ 9-уми феврал рух дод. Ҳамлагарон мудири мағоза, ҳамсар ва фурӯшанда - хазинадорро латукӯб кардаанд. Бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш хазинадори 51-сола ба ҳалокат расид.
Боздоштшудагон зодагони Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд, ки дар деҳаи Чесноково дастгир шуданд.
Таъкид шудааст, ки ду нафари онҳо дар Русия ғайриқонунӣ ҳузур доштаанд. Ба гуфтаи Врадий, феълан тафтишот дар ин хусус низ идома дорад. Таъкид шудааст, ки дар пайи таҳқиқот ба амали масъулини назорати қонунгузории муҳоҷират баҳо дода хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0