Эълони фазои озод: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳи арзонии билети ҳавопайморо гуфт

© Пресс-служба президента РТВид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото
Вид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон далели гаронии нархи билет дар муқоиса бо бархе кишварҳоро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Яке аз омилҳои ташаккулдиҳандаи нархи билет хизматрасониҳои давлатӣ зимни қабули тайёраҳо дар Тоҷикистон мебошад.
Ин нуктаро Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Муминзод дар посух ба он ки чаро нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон гарон асту шаҳрвандони кишвар рӯй ба сафар аз тариқи кишварҳои ҳамсоя овардаанд, ба хидматрасониҳои давлатӣ зимни қабули ҳавопаймоҳо ишора кард.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ далели арзонии билети бархе кишварҳоро ба қабули принсипи фазои озод рабт дод.

"Бисёри давлатҳо принсипи фазои озодро қабул кардаанд. Қабули ин принсип нархи хидматрасониҳо барои ширкатҳои ҳавоиро то 70-80 дарсад поин мебарад", - таъкид намуд ӯ.

Муминзод илова намуд, ки айни ҳол Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиши ин масъала машғул аст ва дар сурати қабули принсипи фазои озод нархҳо поин мераванд.
Ин дар ҳолест, ки мусофирон мегӯянд, нархи билети ҳавопаймоӣ ба Русия дар бозори Тоҷикистон то 7 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар муқоиса бо нишондодҳои қаблӣ ду баробар зиёд мебошад.
Пассажирский самолет в небе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, дастҳояш бастаанд
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон боло рафтани нархоҳоро беасос хонда, талаб карда буд, ки он поин бурда шавад. Бар асоси ҳисобҳои агентӣ, нархи чиптаҳои ҳавопаймо миёни Тоҷикистону Русия аз ҳар ду тараф набояд аз 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.
Лентаи хабарҳо
0