https://sputnik.tj/20220210/koronavirus-tojikiston-afzoish-giriftor-1045696152.html
Коронавирус дар Тоҷикистон: афзоиши гирифторону шифоёфтагон
Коронавирус дар Тоҷикистон: афзоиши гирифторону шифоёфтагон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
2022-02-10T08:37+0500
2022-02-10T08:37+0500
2022-02-10T08:37+0500
дар тоҷикистон
коронавирус
ваксина
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044691892_0:0:2955:1663_1920x0_80_0_0_53eef145f4b19bdd9ab9b0da806bea08.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев - Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 6 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.Шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 6 нафар гуфта мешавад.Мавриди зикр аст, ки теъдоди гирифторон (2 ҳолат) ва шифоёфтагон (2 ҳолат) дар баробари рӯзи қаблӣ афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.Аз аввали бақайдгирии ин беморӣ дар кишвар 17361 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17213 нафар шифо ёфтаанд.Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.Ин ниҳод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20220207/omikron-virusshinos-rus-siroyat-beshtar-1045555304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044691892_226:0:2955:2047_1920x0_80_0_0_f64011c62ffeb1b9f40392a1a88e802b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус тоҷикистон омор
коронавирус тоҷикистон омор
Коронавирус дар Тоҷикистон: афзоиши гирифторону шифоёфтагон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 10 фев - Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 6 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки тайи як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 6 нафар гуфта мешавад.
Мавриди зикр аст, ки теъдоди гирифторон (2 ҳолат) ва шифоёфтагон (2 ҳолат) дар баробари рӯзи қаблӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмуъ 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз аввали бақайдгирии ин беморӣ дар кишвар 17361 нафар гирифтори коронавирус шуда, аз ин шумора то кунун 17213 нафар шифо ёфтаанд.
Коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикронии COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
Ёдовар мешавем, пас аз ду моҳи хомӯшӣ, рӯзи 21-уми январ Вазорати тандурустии кишвар аз мубталошавии 23 тан ба коронавирус гузориш дод.
Ин ниҳод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар бораи мавҷудияти навъи нави коронавируси омикрон иттилои дақиқе дар даст надоранд.
Манбаи мазкур гуфт, ин беморӣ ба кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ моякӯбӣ мебошад.