https://sputnik.tj/20220207/omikron-virusshinos-rus-siroyat-beshtar-1045555304.html
Омикрон охирон нест: вирусшиноси рус аз ояндаи коронавирус гуфт
Омикрон охирон нест: вирусшиноси рус аз ояндаи коронавирус гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вирусшиноси Русия муътақид аст, ки коронавирус таҳаввулоташро давом медиҳаду сироятнокии бештарро касб менамояд
2022-02-07T13:10+0500
2022-02-07T13:10+0500
2022-02-07T18:34+0500
тандурустӣ
бемор
коронавирус
омикрон
олим
пешгӯӣ
таҳаввулот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107205_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_77abc88cac1267bd0a55e61c033672f9.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Навъи омикрон натиҷаи таҳаввулоти коронавирус буда, анҷоми кор нест, изҳор дошт узви вобастаи Академияи улуми Русия, мудири озмоишгоҳи ҳуҷайраҳо дар Пажуҳишгоҳи биологияи молекулярии ба номи В. А. Энгелгардт Пётр Чумаков.Ӯ дар суҳбат бо радиои Sputnik таърихи таҳаввулоти вирус ва дурнамои онро тавзеҳ дод. Чумаков мегӯяд, вируси аввалияи ба истилоҳ комилан вуҳанӣ набуд, чун асосан афроди аз 60-сола болоро сироят мекард. "Вақте вируси на он қадар комил, ба монанди вуҳанӣ пайдо мешавад, он аввал гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолиро ҳадаф қарор медиҳад", - изҳор дошт вирусолог.Аммо дар пайи таҳаввулот вирус фарогарии одамонро сарфи назар аз масуният зиёд намуду ҷавононро ҳарчи бештар ҳадаф қарор дод. Ин бо пайдоиши навъи омикрон анҷомид, ки ҳатто метавонад кӯдаконро сироят намояд. Олим муътақид аст, ки коронавирус таҳаввулоташро давом медиҳаду хусусиятҳои сироятии бештарро касб менамояд, аммо қобилияти заррарасонияш коҳиш меёбад. Чумаков таъкид намуд, ки ягона роҳи самараноки ҳимоя аз коронавирус ин ваксинагирӣ мебошад. Ин амал гарчанде эҳтимоли гирифторшавиро ба сифр баробар намекунад, аммо ба таври назаррас бемориро дар сурати гирифторшавӣ сабук менамояд.
https://sputnik.tj/20220205/laghv-karantin-bemoronon-koronavirus-russya-1045532971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/1a/1043107205_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_4f5e7fc052f8c5284cd3acaadd7fb54c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вирусшинос, рус, оянда, коронавирус, оянда, муътақид
вирусшинос, рус, оянда, коронавирус, оянда, муътақид
Омикрон охирон нест: вирусшиноси рус аз ояндаи коронавирус гуфт
13:10 07.02.2022 (Навсозишуда: 18:34 07.02.2022) Вирусшиноси Русия муътақид аст, ки коронавирус таҳаввулоташро давом медиҳаду сироятнокии бештарро касб менамояд, аммо қобилияти заррарасонияш кам мешавад
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Навъи омикрон натиҷаи таҳаввулоти коронавирус буда, анҷоми кор нест, изҳор дошт узви вобастаи Академияи улуми Русия, мудири озмоишгоҳи ҳуҷайраҳо дар Пажуҳишгоҳи биологияи молекулярии ба номи В. А. Энгелгардт Пётр Чумаков.
Ӯ дар суҳбат бо радиои Sputnik таърихи таҳаввулоти вирус ва дурнамои онро тавзеҳ дод.
Чумаков мегӯяд, вируси аввалияи ба истилоҳ комилан вуҳанӣ набуд, чун асосан афроди аз 60-сола болоро сироят мекард.
"Вақте вируси на он қадар комил, ба монанди вуҳанӣ пайдо мешавад, он аввал гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолиро ҳадаф қарор медиҳад", - изҳор дошт вирусолог.
Аммо дар пайи таҳаввулот вирус фарогарии одамонро сарфи назар аз масуният зиёд намуду ҷавононро ҳарчи бештар ҳадаф қарор дод. Ин бо пайдоиши навъи омикрон анҷомид, ки ҳатто метавонад кӯдаконро сироят намояд.
"Ин вирус масунияти ҳамаи одамонро шикаст, аз ҷумла кӯдаконро низ. Ин натиҷаи он аст, ки вирус ба табиати инсонӣ мутобиқ шуда истодааст", - афзуд Чумаков.
Олим муътақид аст, ки коронавирус таҳаввулоташро давом медиҳаду хусусиятҳои сироятии бештарро касб менамояд, аммо қобилияти заррарасонияш коҳиш меёбад.
Чумаков таъкид намуд, ки ягона роҳи самараноки ҳимоя аз коронавирус ин ваксинагирӣ мебошад. Ин амал гарчанде эҳтимоли гирифторшавиро ба сифр баробар намекунад, аммо ба таври назаррас бемориро дар сурати гирифторшавӣ сабук менамояд.