https://sputnik.tj/20220210/khatar-khf-roh-khatar-tojikiston-1045698291.html
Хатар боқист: КҲФ рӯйхати роҳҳои кӯҳии хавфнок дар Тоҷикистонро нашр кард
Хатар боқист: КҲФ рӯйхати роҳҳои кӯҳии хавфнок дар Тоҷикистонро нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ояндаи наздик ба далели гармӣ дар роҳҳои асосии байни минтақаҳо фаромадани тарма ав хатари сангрезиш имкон дорад
2022-02-10T10:33+0500
2022-02-10T10:33+0500
2022-02-10T12:45+0500
кҳф
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
огоҳӣ аз хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032648316_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c6694c97a62b5f9496a90f2ec583f763.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 11 феврал хатари баланди тармафароӣ ва сангрезӣ дар кӯҳҳо боқӣ мемонад. Аз ронандагони мошинҳои сабукрав, инчунин мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки то ҳадди имкон аз ҳаракат дар шоҳроҳҳои калон худдорӣ кунанд. Бар асари гарм шудани ҳаво хатар чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон, инчунин дар баъзе навоҳии ғарбии вилояти ВМКБ ҳавои номусоид, аз ҷумла боришот дар назар аст.Ҳамчунин хатари фаромадани тарма ва сангрезиҳо низ зиёд аст. Дар роҳҳои зерини Тоҷикистон хатари баланди тармафароӣ ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест:КҲФ аз сокинон хостааст, ки аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ҳушёру эҳтиёткор бошанд. Зимнан гуфта мешавад, ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд бо маҳдудият барқарор шудааст. Ҳангоми нақшаи сафар ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз вазъи роҳҳо пурсон шаванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, дар навоҳии кӯҳсор ва ё дар минтақаҳои хавфноки роҳҳо дар зимни ҳаракат фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо ба таври қатъӣ бояд риоя гардад.
https://sputnik.tj/20220209/maschdudiyat-roh-dushanbe-khujand-1045663406.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032648316_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_93779c9fb78b112485387f48dca59303.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатар кҳф рӯйхат роҳ кӯҳ хатарнок тоҷикистон
хатар кҳф рӯйхат роҳ кӯҳ хатарнок тоҷикистон
Хатар боқист: КҲФ рӯйхати роҳҳои кӯҳии хавфнок дар Тоҷикистонро нашр кард
10:33 10.02.2022 (Навсозишуда: 12:45 10.02.2022) Дар ояндаи наздик ба далели гармӣ дар роҳҳои асосии байни минтақаҳо эҳтимоли фаромадани тарма ва хатари сангрезиш вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи гражданӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки то 11 феврал хатари баланди тармафароӣ ва сангрезӣ дар кӯҳҳо боқӣ мемонад.
Аз ронандагони мошинҳои сабукрав, инчунин мошинҳои боркаш хоҳиш мешавад, ки то ҳадди имкон аз ҳаракат дар шоҳроҳҳои калон худдорӣ кунанд.
Бар асари гарм шудани ҳаво хатар чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон, инчунин дар баъзе навоҳии ғарбии вилояти ВМКБ ҳавои номусоид, аз ҷумла боришот дар назар аст.
Ҳамчунин хатари фаромадани тарма ва сангрезиҳо низ зиёд аст.
Дар роҳҳои зерини Тоҷикистон хатари баланди тармафароӣ ва яхбандӣ аз эҳтимол дур нест:
КҲФ аз сокинон хостааст, ки аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ҳушёру эҳтиёткор бошанд.
Зимнан гуфта мешавад, ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд бо маҳдудият барқарор шудааст. Ҳангоми нақшаи сафар ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз вазъи роҳҳо пурсон шаванд. Ҳамчунин тавсия мешавад, дар навоҳии кӯҳсор ва ё дар минтақаҳои хавфноки роҳҳо дар зимни ҳаракат фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо ба таври қатъӣ бояд риоя гардад.