https://sputnik.tj/20220209/maschdudiyat-roh-dushanbe-khujand-1045663406.html
Маҳдудият дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: кай роҳ пурра боз мешавад?
Маҳдудият дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: кай роҳ пурра боз мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи бориши барфи шадиди шаби гузашта роҳи асосии байни пойтахти Тоҷикистон ва Хуҷанд барои рафъи тармаҳо қисман баста шуд
2022-02-09T12:40+0500
2022-02-09T12:40+0500
2022-02-09T13:02+0500
роҳ
маҳдудият
нақлиёт
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/26/1027942656_0:9:1000:572_1920x0_80_0_0_23203cacba119a02aee7f38024f0bb39.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба таври якҷониба боз шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии IRS дар Тоҷикистон. Муассисаи нигоҳдории ин роҳ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд то Душанбе иҷозат дода шудааст. Дар самти муқобил тармаи рӯйи ҷода, ки чанд соат пеш роҳро банд кард, тоза карда мешавад. Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар соатҳои наздик роҳи мошингарди миёни вилояти Суғд ва пойтахти Тоҷикистон пурра боз мешавад. IRS тавзеҳ додааст, ки танҳо дар 24 соати гузашта дар ин масири кӯҳӣ 5 тарма фаромадааст, ки дутои онҳо нисбатан бузург будааст. Хушбахтона, дар пайи тармафароӣ хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамзамон 10 мошини боркаш дар километри 69-уми шоҳроҳ ба ҷои амн интиқол дода шудаанд. Барои рафъи оқибатҳои тармафароӣ даҳҳо техникаи махсуси роҳсозӣ ҷалб шудааст. Корҳои тозакунии роҳ идома дорад. Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш бар асари бориши барф ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан қатъ шуда буд.
https://sputnik.tj/20220207/obu-havo-hafta-tojikiston-1045561020.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/26/1027942656_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_a48a44f899920e547c61cc2057a9fa0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият, душанбе, хуҷанд
маҳдудият, душанбе, хуҷанд
Маҳдудият дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: кай роҳ пурра боз мешавад?
12:40 09.02.2022 (Навсозишуда: 13:02 09.02.2022) Дар пайи бориши шадиди барф дар шаби гузашта роҳи Душанбе - Хуҷанд, ки пойтахти Тоҷикистонро бо вилояти Суғд мепайвандад, қисман масдуд шуд. Ин иқдом барои тоза кардани тарма дар мавозее аз ҷода рӯйи даст гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба таври якҷониба боз шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии IRS дар Тоҷикистон.
Муассисаи нигоҳдории ин роҳ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд то Душанбе иҷозат дода шудааст.
Дар самти муқобил тармаи рӯйи ҷода, ки чанд соат пеш роҳро банд кард, тоза карда мешавад.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар соатҳои наздик роҳи мошингарди миёни вилояти Суғд ва пойтахти Тоҷикистон пурра боз мешавад.
IRS тавзеҳ додааст, ки танҳо дар 24 соати гузашта дар ин масири кӯҳӣ 5 тарма фаромадааст, ки дутои онҳо нисбатан бузург будааст. Хушбахтона, дар пайи тармафароӣ хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳамзамон 10 мошини боркаш дар километри 69-уми шоҳроҳ ба ҷои амн интиқол дода шудаанд.
Барои рафъи оқибатҳои тармафароӣ даҳҳо техникаи махсуси роҳсозӣ ҷалб шудааст. Корҳои тозакунии роҳ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш бар асари бориши барф ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан қатъ шуда буд.