https://sputnik.tj/20220120/zodagon-vmkb-maskav-yagon-omikron-1044988722.html
Пизишк дар бораи вазъи омикрон миёни зодагони ВМКБ дар Маскав гуфт
Пизишк дар бораи вазъи омикрон миёни зодагони ВМКБ дар Маскав гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Броимшо Маҳмадшоев пизишки муқими Маскав сабаби таваҷҷуҳи ками муҳоҷирони тоҷикро ба ваксингирӣ шарҳ дод
2022-01-20T21:00+0500
2022-01-20T21:00+0500
2022-01-20T21:05+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
муҳоҷират
дар русия
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_0:31:2932:1680_1920x0_80_0_0_d0594694f189be951518a31d94cc27e9.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Броимшо Маҳмадшоев, дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони ҷамъиятии "Нур" гуфт, миёни зодагони ВМКБ дар Маскав гирифторӣ ба штамми нави коронавирус, омикрон ба қайд гирифта нашудааст.Ба қавли ӯ, муҳоҷирон аз ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, ба гирифтани ваксина ташвиқ мешаванд.То кунун дар сарорсари Русия 9241 зодаи ВМКБ алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст. Нисбат ба шумораи умумии зодагони ин минтақа теъдоди ваксинагирифтаҳо кам аст. Чун танҳо дар ҳудуди Маскав ва вилоятҳои назди пойтахти Русия беш аз 25 ҳазор каси онҳо кору зиндагӣ мекунад.Маҳмадшоев аз зодагони ВМКБ ва умуман ҳамаи намояндагони навоҳии дигари Тоҷикистон даъват мекунад, ки алайҳи коронавирус ваксина гиранд. Зеро ба қавли табиб, ин ягона роҳи наҷот ёфтан аз шакли шадиди бемории коронавирус мебошад.Ёдрас мешавем, ки аз моҳи июл дар варзишгоҳи "Лужники" барои ваксинзании муҳоҷирон макони вижаи эмгузаронӣ кушода шуд.Муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксина 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.Пизишк нишонаҳои асосии штамми нави коронавирус, омикронро диққи нафас, ҳарорати аз 37,5 дараҷа боло ва сулфаи хушку беҳолӣ гуфт.Феълан вазъи коронавирус ва бавижа штамми омикрон дар Маскав вазнин арзёбӣ мешавад. Ба ин далел пизишки тоҷик аз ҳамватанон даъват мекунад, ки дар замони авҷи ҳамагирӣ пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва соири иқдомоти беҳдоштиро фаромӯш накунанд.То 20 январ дар як шабонарӯз дар Маскав 11557 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст.Мақомоти Маскав ба далели афзоиши шумори гирифторӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданд.Сироятшинос аз таҳдиди омирон ба кудакони то панҷсола ҳушдор додандХамин тавр дар муассисаҳои тиббӣ шумораи духтурони навбатдор зиёд карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки дар сурати ошкор шудани нишонаҳои зуком шаҳрвандон метавонанд бидуни номнависии пешакӣ ба дармонгоҳ муроҷиат кунанд.Ҳамчунин дар пойтахт барои афроди аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин то 1 апрели соли 2022 реҷаи хонашинӣ тамдид карда шуд.Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.
https://sputnik.tj/20210818/zodagon-vmkb-maskav-vaksingiri-kam-tavajjuh-1041718694.html
https://sputnik.tj/20220120/myasnikov-omikron-bemorkhona-1044976476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/12/1044900717_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_27476a9aecd19c5f1fe20b9b1e01ac66.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, омикрон, тоҷикон,
маскав, омикрон, тоҷикон,
Пизишк дар бораи вазъи омикрон миёни зодагони ВМКБ дар Маскав гуфт
21:00 20.01.2022 (Навсозишуда: 21:05 20.01.2022) Броимшо Маҳмадшоев, пизишки тоҷики муқими Маскав вазъи штамми нави коронавирус, омикрон миёни зодагони ВМКБ дар Маскавро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Броимшо Маҳмадшоев, дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони ҷамъиятии "Нур" гуфт, миёни зодагони ВМКБ дар Маскав гирифторӣ ба штамми нави коронавирус, омикрон ба қайд гирифта нашудааст.
"Хушбахтона, то имрӯз миёни зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Маскав ягон ҳолати гирифторӣ ба штамми омикрон сабт нашудааст", - гуфт доктор Броимшо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, муҳоҷирон аз ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, ба гирифтани ваксина ташвиқ мешаванд.
То кунун дар сарорсари Русия 9241 зодаи ВМКБ алайҳи коронавирус ваксина гирифтааст. Нисбат ба шумораи умумии зодагони ин минтақа теъдоди ваксинагирифтаҳо кам аст. Чун танҳо дар ҳудуди Маскав ва вилоятҳои назди пойтахти Русия беш аз 25 ҳазор каси онҳо кору зиндагӣ мекунад.
Маҳмадшоев аз зодагони ВМКБ ва умуман ҳамаи намояндагони навоҳии дигари Тоҷикистон даъват мекунад, ки алайҳи коронавирус ваксина гиранд. Зеро ба қавли табиб, ин ягона роҳи наҷот ёфтан аз шакли шадиди бемории коронавирус мебошад.
Ёдрас мешавем, ки аз моҳи июл дар варзишгоҳи "Лужники" барои ваксинзании муҳоҷирон макони вижаи эмгузаронӣ кушода шуд.
Муҳоҷирон бо ваксинаи "Спутник Light" эм карда мешаванд. Арзиши ин навъ ваксина 1300 рубл аст ва нархи онро муҳоҷирон метавонанд дар терминали махсус пардохт кунанд.
Пизишк нишонаҳои асосии штамми нави коронавирус, омикронро диққи нафас, ҳарорати аз 37,5 дараҷа боло ва сулфаи хушку беҳолӣ гуфт.
Феълан вазъи коронавирус ва бавижа штамми омикрон дар Маскав вазнин арзёбӣ мешавад. Ба ин далел пизишки тоҷик аз ҳамватанон даъват мекунад, ки дар замони авҷи ҳамагирӣ пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва соири иқдомоти беҳдоштиро фаромӯш накунанд.
То 20 январ дар як шабонарӯз дар Маскав 11557 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст.
Мақомоти Маскав ба далели афзоиши шумори гирифторӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карданд.
Хамин тавр дар муассисаҳои тиббӣ шумораи духтурони навбатдор зиёд карда шуд. Зимнан зикр гардид, ки дар сурати ошкор шудани нишонаҳои зуком шаҳрвандон метавонанд бидуни номнависии пешакӣ ба дармонгоҳ муроҷиат кунанд.
Ҳамчунин дар пойтахт барои афроди аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин то 1 апрели соли 2022 реҷаи хонашинӣ тамдид карда шуд.
Ёдовар мешавем, штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.