Баррасии ифтитоҳи корхонаи муштараки пиллаву кимакпарварӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

© Sputnik / Всеволод ТарасевичШелковичные коконы
Шелковичные коконы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи пиллапарварӣ корхонаи муштарак таъсис медиҳанд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд, як корхонаи муштараки пиллапарварии бузург таъсис диҳанд
Ҳайати Тоҷикистон иборат аз кормандони Вазорат ва технологияҳои наву корхонаҳои хусусии саноатӣ барои ошноӣ бо фаъолияти корхонаву коргоҳҳои кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо ба Ӯзбекистон сафар карданд, иттилоъ додааст сомонаи UZ24.
Тибқи иттилои манбаъ ҳайати Тоҷикистон барои ошноӣ бо фаъолияти корхонаву коргоҳҳои кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо бо коргоҳу корхонаҳои Тошканду Марғелон ва Фарғона шинос мешаванд.
Сафари ҳайати Тоҷикистон то 11 феврали соли равон идома хоҳад ёфт.
КПП Патар в Канибадаме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз
Гуфта шудааст, ки Тоҷикистон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо бо нақшу ороиши абрешим меомӯзад.
Ҳайати Тоҷикистон аз қитъаи намунавии тутзор, намоиши ашёи хом ва матоъҳои тайёр, сарулибоси аз ҷониби тарроҳон дӯхташуда боздид намуд.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, ҷараёни истеҳсол, интихоб ва истифодаи нақшҳо дар матоъ, ҷалби тарроҳон, содироти маҳсулоти тайёрро меомӯзанд.
Зимни дидору мулоқотҳо ҳайати Тоҷикистон бо тарафи Ӯзбекистон масоили таъсиси корхонаҳои муштараки ду кишварро дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0