https://sputnik.tj/20220129/bunyodi-markazi-tijorati-mushtarak-tojikistonu-uzbekiston-marz-1045317958.html
Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз
Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз
Sputnik Тоҷикистон
Дар наздикии дидбонгоҳи марзии “Андархон” воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил мешавад
2022-01-29T13:47+0500
2022-01-29T13:47+0500
2022-01-31T15:58+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
ӯзбекистон
марз
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/39/1025013996_0:125:2379:1463_1920x0_80_0_0_68b51234bd0c047f957df624ecf13366.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар наздикии дидбонгоҳи марзии Андархон, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ки бо шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд ҳаммарз аст, минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.Дилмурод Ҷумъабоев, котиби матбуотии ҳокими Фарғонаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки бо ибтикори мақомоти вилоят корҳо дар ин самт оғоз шудаанд.Вай илова кард, ки ин ташаббус ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, иртиботи сокинони ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Конибодому Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро, ки миёни якдигар риштаҳои ногусастании хешутаборӣ доранд, боз ҳам тақвият мебахшад.Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Давлатова, корманди ҳокимияти ноҳияи Бешариқ изҳор доштааст, ки бунёди маркази тиҷоратии муштарак боз як қадами наве дар таҳкими дӯстиву ҳамкории тарафайн хоҳад буд.Бояд қайд кард, ки аз дидбонгоҳи марзии Андархон ҳар рӯз мусофирони зиёди Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шаҳрвандони соири кишварҳои дуру наздик убур мекунанд.
https://sputnik.tj/20220124/afv-mansabdor-kdam-dolya-1045079327.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/39/1025013996_132:0:2247:1586_1920x0_80_0_0_339071655bf7e1133db5623509cf8c98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, +збекистон, бунёд, маркази тиыорать, марз
тоыикистон, +збекистон, бунёд, маркази тиыорать, марз
Бунёди Маркази тиҷорати муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марз
13:47 29.01.2022 (Навсозишуда: 15:58 31.01.2022) Дар наздикии дидбонгоҳи марзии Андархон, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар наздикии дидбонгоҳи марзии Андархон, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ки бо шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд ҳаммарз аст, минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд мегардад, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
Дилмурод Ҷумъабоев, котиби матбуотии ҳокими Фарғонаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки бо ибтикори мақомоти вилоят корҳо дар ин самт оғоз шудаанд.
“Минтақаи озоди тиҷоратӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд мегардад. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ қаноатбахш буда, дар ин ҷо маҷмааи бузурги савдо дар назар аст. Ҳар як хонаи он дар ихтиёри тоҷирону соҳибкорони ду кишвари ҳамҷавор гузошта хоҳад шуд”, - қайд кард сухангӯи ҳокими вилояти Фарғона.
Вай илова кард, ки ин ташаббус ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, иртиботи сокинони ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Конибодому Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро, ки миёни якдигар риштаҳои ногусастании хешутаборӣ доранд, боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Давлатова, корманди ҳокимияти ноҳияи Бешариқ изҳор доштааст, ки бунёди маркази тиҷоратии муштарак боз як қадами наве дар таҳкими дӯстиву ҳамкории тарафайн хоҳад буд.
Бояд қайд кард, ки аз дидбонгоҳи марзии Андархон ҳар рӯз мусофирони зиёди Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шаҳрвандони соири кишварҳои дуру наздик убур мекунанд.