Ҷузъиёти нави ғоратгарӣ ва куштори даҳшатнок дар Истра: мақомот номи муҳоҷиронро гуфтанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкВ зале суда, архивное фото
В зале суда, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти интизомӣ ҷузъиёти ҳувияти ғоратгарон ва дигар ҷиноятҳои эҳтимолии онҳоро ошкор карданд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Тафсилоти нав дар бораи ҷинояткороне ироа шуд, ки гуфта мешавад, дар Чесноковои вилояти Маскав як мағозаро ғорат карда, хазинадорро куштанд.
Дар ин бора хабаргузории “Комсомольская правда” бо такя ба як манбааш хабар медиҳад.
Шоми 8 феврал афроди ношинос ба як мағоза дар рустои Новопетровск ворид шуда, хазинадорро шадидан латукӯб карданд.
Аз навор дида мешавад, чӣ тавр Людмила Вяткинаи 51-сола то охир муқовимат нишон дода, талош кардааст, фирор кунад, аммо ҳамлагарон занро бо дастаи табар латукӯб карданд.
Навор тасдиқ мекунад, ки марҳум имкони зинда монданро дошт. Пас аз зарбаҳои аввал зан аз ҳуш рафта, муддате бе ҳаракат дар рӯи фарш мехобид, аммо пас аз чанд дақиқа ба худ омада, хост, аз ҷояш бархезад.
Ин ҳаракатҳои охирини ӯ буданд. Ҷинояткорон диданд, ки ҷабрдида талош дорад, фирор кунад, боз ба ҳуҷум гузашта, ӯро чанд зарбаи дигар заданд ва баъди ин Людмила ҳамагӣ як-ду қадам монду ба ҳалокат расид.
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Диаспораи тоҷикон ҳамлаи даҳшатнок ба мағоза дар Истраро шадидан маҳкум кард
Дар натиҷа зан бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ғоратгарон дар давоми чанд соат дастгир ва ҳувияти онҳо муайян карда шуд.
Ҳар чаҳор ҷинояткор шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд: Назирқули 19-сола, Ҳабибуллоҳи 21-сола, Акбаралии 24-сола ва Зафари 29-сола. Онҳо кӯшиш карданд, ки дар яке аз хонаҳои деҳаи ҳамсоя пинҳон шаванд.
Зимни тафтишот маълум шуд, ки ин гурӯҳ дар ғорати як мағозаи дигар дар наздикии ҳамин деҳа низ даст доштаанд ва дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар онҷо зиндагӣ мекардаанд.
Ҳамчунин маълум шуд, ки яке аз ҳамлагарон Назирқули 19-сола қаблан чанд соле дар яке аз ин мағозаҳо кор кардааст.

"Дар ҷараёни кори муфаттишон маълум шуд, ки онҳо дар як ҷинояти мушобеҳ дар ноҳияи Истра даст доштаанд. Муайян карда шуд, ки қаблан онҳо як мағозаи дигар дар деҳаи Юреворо ғорат карда будаанд", — омадааст дар хабари мақомоти қудратӣ.

Се нафари боздоштшуда муваққатан дар қаламрави Русия сабти ном шудаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ду нафар аз чаҳор ҷинояткор ҳатто қабл аз содир шудани ҷиноятҳои сангин бояд аз Русия ихроҷ мешуданд.
Маълум шуд, ки расо 2 моҳ пеш аз ғоратгарӣ дар Истра, 8 декабри соли 2021 Назирқул ба додгоҳи Домодедово кашида шудааст. Ӯ дар вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русия гунаҳкор дониста шудааст.
Аз рӯи ин қонуншиканӣ Назирқулро метавонистанд ҷарима баста, аз ин кишвар хориҷ кунанд.
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Боздошти зодагони Тоҷикистон дар вилояти Маскав: фурӯшандаро кушта, мағозаро ғорат карданд
Айнан ҳамин ҳодиса ба шарики ӯ Ҳабибуллоҳи 21-сола дахл дорад, ки моҳи сентябри соли 2020 ба додгоҳ ҳозир шудааст.
Додгоҳи Одинтсово ӯро дар будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия гунаҳкор донистааст, ки барои ин бояд ба Ватанаш депорт мешуд.
Дар ҳоли ҳозир кормандони шуъбаи фаврӣ таҳқиқи ҷузъиёти ҷиноятро идома медиҳанд.
Қаблан диаспораи тоҷикон дар Русия ҳамла ба як мағозаи назди Маскавро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар мешаванд, маҳкум карда буд.
Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видео
Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳанги тоҷикон, муҳоҷирони корӣ новобаста аз он ки дар кадом вазъияти душвор қарор доранд, бояд бидонанд, ки барои кумак ба диаспора муроҷиат кардан лозим аст.
Хуршеда Ҳамроқулова қайд кард, ки имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон барои меҳнати ҳалол ба Русия меоянд ва ҳеҷ яке аз онҳо қонунро нақз намекунад.
Лентаи хабарҳо
0