https://sputnik.tj/20220210/tojikon-hamla-muhojiron-istra-mahkum-1045701355.html
Диаспораи тоҷикон ҳамлаи даҳшатнок ба мағоза дар Истраро шадидан маҳкум кард
Диаспораи тоҷикон ҳамлаи даҳшатнок ба мағоза дар Истраро шадидан маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамватаноне, ки ба як мағозаи назди Маскав дар Истра ҳамла карда, ғорат карданд, дар диаспораи тоҷикон маҳкум шуданд, ки як зан бар асари он ҳалок шуд
2022-02-10T11:35+0500
2022-02-10T11:35+0500
2022-02-21T12:55+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вилояти назди маскав
муҳоҷират
диаспораи тоҷикон
иҷтимоъ
дар русия
ғоратгарӣ
куштор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0a83fd3690634c9af6bb0c78c8d7a79e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Диаспораи тоҷикон дар Русия ҳамла ба як мағоза дар вилояти Маскавро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар мешаванд, маҳкум мекунад.Дар ин бора Хуршеда Ҳамроқулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав дар суҳбат бо РИА "Новости" хабар додааст. Вай таъкид кард, ки аз ин ҳодиса ҳайратзада шудааст.Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳанги тоҷикон, муҳоҷирони корӣ новобаста аз он ки дар кадом вазъияти душвор қарор доранд, бидонанд, ки барои кумак ба диаспора бояд муроҷиат кунанд, на ин ки ба ҷиноят даст зананд. "Ҳатто агар онҳо чизе барои хӯрдан надошта бошанд ҳам, ҳамеша мешавад кор ёфт ё дар чунин ҳол ба мо, диаспораҳо муроҷиат кард. Мо имкони кумак ба онҳоро меёфтем", - афзуд ӯ. Хуршеда Ҳамроқулова қайд кард, ки имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон барои меҳнати ҳалол ба Русия меоянд ва ҳеҷ яке аз онҳо қонунро нақз намекунад. "Ин як ҳодисаи ғайриоддӣ аст. Агар албатта, маҳз боздоштшудагон воқеан ҳам ин ҷиноятро содир карда бошанд",- хулоса кард вай ва ҳамчунин ба наздикони қурбонии ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ намуд. Ёдовар мешавем, бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, шаби 9 феврал чаҳор нафар бо чӯбдаст ба як мағоза дар Истра ҳамла карданд. Онҳо мудир, хазинадор ва шавҳари хазинадорро латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа зан то омадани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Навори ғоратгарии фаҷеъ ва куштори даҳшатбор дар вилояти Маскав - видеоМудиру ҳамсари хазинадор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Гумонбарон дарҳол боздошт шудаанд. Тибқи тафтишот, ҳамаи онҳо зодаи Тоҷикистон мебошанд. Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои ғоратгарӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220209/bozdosht-zodagon-tojikiston-maskav-1045669725.html
вилояти назди маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/09/1045693452_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_afc4265fddfb638678e61c6d0a9495d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон, маскав, ҳамла, истра
тоҷикон, маскав, ҳамла, истра
Диаспораи тоҷикон ҳамлаи даҳшатнок ба мағоза дар Истраро шадидан маҳкум кард
11:35 10.02.2022 (Навсозишуда: 12:55 21.02.2022) Амали он зодагони Тоҷикистон, ки мазнун дар ғоратгарӣ ва куштор дар як мағозаи Истраанд, маҳкум шудааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Диаспораи тоҷикон дар Русия ҳамла ба як мағоза дар вилояти Маскавро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он гумонбар мешаванд, маҳкум мекунад.
Дар ин бора Хуршеда Ҳамроқулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав дар суҳбат бо РИА "Новости" хабар додааст. Вай таъкид кард, ки аз ин ҳодиса ҳайратзада шудааст.
"Албатта, ин ҳодисаи маъмулӣ нест, онҳо чӣ гуна тоҷиканд, агар ҷинояткор бошанд?" — гуфт Ҳамроқулова.
Ба гуфтаи раиси Маркази фарҳанги тоҷикон, муҳоҷирони корӣ новобаста аз он ки дар кадом вазъияти душвор қарор доранд, бидонанд, ки барои кумак ба диаспора бояд муроҷиат кунанд, на ин ки ба ҷиноят даст зананд.
"Ҳатто агар онҳо чизе барои хӯрдан надошта бошанд ҳам, ҳамеша мешавад кор ёфт ё дар чунин ҳол ба мо, диаспораҳо муроҷиат кард. Мо имкони кумак ба онҳоро меёфтем", - афзуд ӯ.
Хуршеда Ҳамроқулова қайд кард, ки имрӯз аксарияти кулли шаҳрвандони Тоҷикистон барои меҳнати ҳалол ба Русия меоянд ва ҳеҷ яке аз онҳо қонунро нақз намекунад.
"Ин як ҳодисаи ғайриоддӣ аст. Агар албатта, маҳз боздоштшудагон воқеан ҳам ин ҷиноятро содир карда бошанд",- хулоса кард вай ва ҳамчунин ба наздикони қурбонии ин ҳодиса изҳори ҳамдардӣ намуд.
Ёдовар мешавем, бино ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, шаби 9 феврал чаҳор нафар бо чӯбдаст ба як мағоза дар Истра ҳамла карданд. Онҳо мудир, хазинадор ва шавҳари хазинадорро латукӯб кардаанд, ки дар натиҷа зан то омадани ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мудиру ҳамсари хазинадор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Гумонбарон дарҳол боздошт шудаанд. Тибқи тафтишот, ҳамаи онҳо зодаи Тоҷикистон мебошанд.
Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои ғоратгарӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.