https://sputnik.tj/20220209/yakh-tarma-barf-havo-tojikiston-1045660181.html
Яхбандӣ, тармафароӣ барфи тар ва меғи ғафс: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон
Яхбандӣ, тармафароӣ барфи тар ва меғи ғафс: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Аз 9 то 12 феврал дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад
2022-02-09T11:31+0500
2022-02-09T11:31+0500
2022-02-09T12:04+0500
обу ҳаво
дар тоҷикистон
меғ мефарояд
сардӣ
зимистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/78/1031037891_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_95e422d2739226981ed2b89e60160350.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, барфи тар мебораду меғи ғафс мефарояд.Ҳамчунин тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии кишвар, аз 9 то 11 феврал дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.Ҳамин тавр хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ — Ҷилондӣ боқӣ мемонад.Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа сард, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа сарду, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 4-9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона асосан бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал омада, меҳ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, меғ мефарояд. Бӯйи баҳор мерасад: аввалин гулҳои баҳмани Душанбе дар Боғи ғалаба - аксҲаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Рӯзона асосан бебориш аст, аммо меҳ мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220201/chand-foiz-peshgui-havoshinoson-tojik-durust-1045388399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103103/78/1031037891_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_377586673b545e21bc17eea9ea489897.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боду ҳаво, тоҷикистон
Яхбандӣ, тармафароӣ барфи тар ва меғи ғафс: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон
11:31 09.02.2022 (Навсозишуда: 12:04 09.02.2022) Аз 9 то 12 феврал дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, барфи тар мебораду меғи ғафс мефарояд.
Ҳамчунин тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии кишвар, аз 9 то 11 феврал дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Ҳамин тавр хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ — Ҷилондӣ боқӣ мемонад.
Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа сард, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа сарду, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 4-9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона асосан бебориш мешавад.
Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал омада, меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад.
Рӯзона асосан бебориш аст, аммо меҳ мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.