https://sputnik.tj/20220209/tashkil-panohgoh-chandmanzura-janubi-tojikiston-afghoniston-1045674425.html
Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ
Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон як паноҳгоҳи чандманзура бунёд мешавад
2022-02-09T15:30+0500
2022-02-09T15:30+0500
2022-02-09T17:07+0500
дар тоҷикистон
кҳф
паноҳандагон
рустам назарзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031622551_0:127:2989:1808_1920x0_80_0_0_888989029473746c5fab656dcbf3b411.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин паноҳгоҳ ҳам барои қабули гурезаҳо ва ҳам барои хонаводаҳои тоҷике, ки дар пайи ҳаводиси табиӣ манзилҳояшон хароб мешаванд, хоҳад буд.Ҳамчунин дар ин паноҳгоҳ гузарондани машқҳо барои қабули гурезаҳо сурат мегирад.Ба гуфтаи вай, дар ҳолатҳои зарурӣ паноҳгоҳи зикршуда барои қабули паноҳандагони афғонистонӣ низ истифода хоҳад шуд. Масоҳати умумии ин ҷои муқарраршуда 4 ҳекторро ташкил медиҳад.Раиси КҲФ-и Тоҷикистон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба манзури ҷойгир кардани нафароне дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ, ки дар оянда эҳтимол бино бар офатҳои табиӣ манозилашон хароб шавад, ду иншоот бунёд мегардад. Ҳамчунин ин паноҳгоҳ метавонад барои ҳифзи маводи ғизоии марбути ҳолатҳои фавқулодда ва низ кумакҳои башардӯстона истифода шавад.Дар анбори Кушониён аллакай микдори муайяни озуқаворӣ захира шудааст. Сохтмони анбор дар Хоруғ интизор меравад, дар моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёбад.“Ин кумак ҳамчунин шаҳрвандони осебдидаи Афғонистонро, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фаро мегирад”, - гуфт Назарзода.
https://sputnik.tj/20220209/halokati-bar-asari-ofathoi-tabii-tojikiston-1045671182.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/17/1031622551_260:0:2989:2047_1920x0_80_0_0_ad569fbc41243189a8a2b8bf37f43deb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, паноҳгоҳ, афғон, хатлон, кҳф, рустам назарзода
тоҷикистон, паноҳгоҳ, афғон, хатлон, кҳф, рустам назарзода
Ташкили паноҳгоҳи чандманзура дар ҷануби Тоҷикистон барои паноҳандагони афғонистонӣ
15:30 09.02.2022 (Навсозишуда: 17:07 09.02.2022) Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ҷануби Тоҷикистон як паноҳгоҳи чандманзура бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин паноҳгоҳ ҳам барои қабули гурезаҳо ва ҳам барои хонаводаҳои тоҷике, ки дар пайи ҳаводиси табиӣ манзилҳояшон хароб мешаванд, хоҳад буд.
Ҳамчунин дар ин паноҳгоҳ гузарондани машқҳо барои қабули гурезаҳо сурат мегирад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳолатҳои зарурӣ паноҳгоҳи зикршуда барои қабули паноҳандагони афғонистонӣ низ истифода хоҳад шуд. Масоҳати умумии ин ҷои муқарраршуда 4 ҳекторро ташкил медиҳад.
“Дар майдони 2 гектар иншоот барои қабули гурезаҳо бунёд карда мешавад. Сохтмони ин иншоот, аз ҷумла иншооти зерсохторӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад”, - гуфт Рустам Назарзода.
Раиси КҲФ-и Тоҷикистон ҳамчунин зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба манзури ҷойгир кардани нафароне дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ, ки дар оянда эҳтимол бино бар офатҳои табиӣ манозилашон хароб шавад, ду иншоот бунёд мегардад. Ҳамчунин ин паноҳгоҳ метавонад барои ҳифзи маводи ғизоии марбути ҳолатҳои фавқулодда ва низ кумакҳои башардӯстона истифода шавад.
Дар анбори Кушониён аллакай микдори муайяни озуқаворӣ захира шудааст. Сохтмони анбор дар Хоруғ интизор меравад, дар моҳи марти соли ҷорӣ анҷом ёбад.
“Ин кумак ҳамчунин шаҳрвандони осебдидаи Афғонистонро, ки дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, фаро мегирад”, - гуфт Назарзода.