Фаттоҳзода: Якҷоя бояд марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшем

© Facebook/Парламентская Ассамблея ОДКБСовещании председателей комитетов​ парламентов государств​ ОДКБ
Совещании председателей комитетов​ парламентов государств​ ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Ахиран вакилони парлумони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД назари худро дар бораи вазъи Афғонистон баён карданд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Фаттоҳзода Саидмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот гуфт, буҳрони Афғонистон бояд ҳамчун як таҳдиди мустақим ба кишварҳои узви СААД арзёбӣ шавад.

“Бештар шаҳрвандони кишварҳои мо зери таъсири идеологҳои ҳаракатҳои террористӣ ва исломи иртиҷоӣ қарор мегиранд. Якҷоя бояд марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшем”, – гуфт оқои Фаттоҳзода.

Дар ҳамин ҳол Жанарбек Акаев, раиси Кумитаи парлумони Қирғизистон дар умури корҳои байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷират гуфт, бесуботӣ дар Афғонистон барои Қирғизистон таҳдиди мустақим дорад, кишварҳои СААД манфиатдоранд, ки дар ин кишвар сулҳ барқарор шавад.

“Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ҷабҳаи пеши СААД дар хусуси мубориза алайҳи густариши терроризм дар мантақаи таҳти ҳимояти ин созмон қарор доранд”, - таъкид кард ӯ дар ин ҷаласа.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Маскави Русия ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД баргузор шуд.
Дар ин гуна ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои парлумонии кишварҳои узви СПАД баррасӣ мешаванд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунанд
Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар ҷаласаи ахири худ якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро боиси нигаронӣ унвон карда буд.
Дар ин ҷаласа гуфта шуда буд, ки режими сиёсии Афгонистон бояд баро озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои Афғонистон шароит фароҳам кунад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ Ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Ҳамчунин гуфта шуда буд, ки бо дарназардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбории худ истифода мебаранд, кишварҳои узви СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.
Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ барои таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кард, тавофуқ ҳосил шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0