Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон: доллару евро дар кадом сатҳанд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ дар баробари сомонӣ дигарбора майли гаронӣ дорад
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.1502 сомонӣ қимат дорад.
Асъори русӣ давоми як рӯз дар баробари пули миллии сомонӣ 1 сомонӣ боло рафтааст.
Қурби евро низ дар баробари пули миллӣ афзоиш меёбад ва ба нишондиҳандаҳои аввали сол бармегардад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, қурби як евро то 12.9057 сомонӣ боло рафтааст.
Ин асъор ҳарчанд боло рафт, аммо ҳанӯз дар ҳоли шинокунанда қарор дорад, зеро нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки ин асъор зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2022
Доллар дар азоб: бо асъори амрикоӣ соли 2022 чӣ рух медиҳад?
Мавриди зикр аст, ки ин нишондиҳандаҳои баландтарин барои евро нестанд. Тирамоҳи соли 2021 қурби асъори аврупоӣ умуман аз 13 сомонӣ гузашта буд.
Доллар аз аввали соли 2022 дар сатҳи 11.30 сомонӣ устувор қарор гирифтааст.
Қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9057 то 13.1400 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1502 то 0.1525 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0