https://sputnik.tj/20220120/asori-amriko-imsol-1044991887.html
Доллар дар азоб: бо асъори амрикоӣ соли 2022 чӣ рух медиҳад?
Доллар дар азоб: бо асъори амрикоӣ соли 2022 чӣ рух медиҳад?
Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддон қурби пули амрикоиро дар семоҳаи аввали соли 2022 пешгӯӣ кард ва гуфт, ки кадом омилҳо қурби рублро дастгирӣ мекунанд
2022-01-20T18:35+0500
2022-01-20T18:35+0500
2022-01-20T20:08+0500
иқтисод
арзиши асъор
доллар
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061503_0:0:1919:1079_1920x0_80_0_0_8a3dd27d500f1fa28f79cf5ca4214348.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бо коҳиши тақозо ба доллар ва афзоиши пешниҳоди асъор қурби рубл метавонад боло равад. Дар ин бора Михаил Василев, таҳлилгари Совкомбанк, дар суҳбат бо оҷонсии "Прайм" гуфт. Дар семоҳаи аввали соли 2022 рублро коҳиш додани талабот ба асъори хориҷӣ барои хариди воридот, пардохтҳо аз рӯи қарзи хориҷӣ ва инчунин сафарҳои туристӣ ба хориҷ дастгирӣ хоҳад кард. Василев дар суҳбат бо "Прайм" гуфт, чунин сенария вақте амалӣ мешавад, ки танзимкунанда аз анҷоми давраи пурзӯрсозии пулию қарзӣ ва коҳиши мукофоти геополитикӣ дар котировкаҳои дороиҳои Русия хабар медиҳад. Тибқи пешгӯии коршиносон, дар семоҳаи аввали соли 2022 қурби доллар аз 72 то 73 рубл тағйир меёбад. Қаблан Егор Жилников, таҳлилгари асосии Раёсати стратегия ва лоиҳаҳои рушди Раёсати таҳлили иқтисод ва саноати Маркази таҳлил ва экспертизаи ҶСК "Промсвязбанк" гуфта буд, ки арзиши "амрикоӣ" метавонад то 80 рубл боло равад. Ин дар ҳоле имконпазир хоҳад шуд, ки нархи нафт аз 60 доллар барои як баррел поин равад. Нархи нафти "Brent" бори аввал дар ҳафт соли охир ба 87 доллар расидДар навбати худ, Алексей Михеев, стратеги сармоягузории "ВТБ Сармоягузориҳои ман" мутмаин аст, ки қурби доллар метавонад дар соли 2022 то 68 рубл поин равад. Дар айни замон, арзиши "амрикоӣ" дар бозори байналмилалӣ дар муқобили асъори асосии ҷаҳонӣ заиф шудааст.
https://sputnik.tj/20220119/du-asor-favran-hamyon-partoft-1044939652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061503_216:0:1655:1079_1920x0_80_0_0_09656155e4bf532e0a28532f3c627d57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурби доллар, семоҳаи аввал, 2022
қурби доллар, семоҳаи аввал, 2022
Доллар дар азоб: бо асъори амрикоӣ соли 2022 чӣ рух медиҳад?
18:35 20.01.2022 (Навсозишуда: 20:08 20.01.2022) Иқтисоддон қурби пули амрикоиро дар семоҳаи аввали соли 2022 пешгӯӣ кард ва гуфт, ки кадом омилҳо қурби рублро дастгирӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бо коҳиши тақозо ба доллар ва афзоиши пешниҳоди асъор қурби рубл метавонад боло равад.
Дар ин бора Михаил Василев, таҳлилгари Совкомбанк, дар суҳбат бо оҷонсии "Прайм" гуфт.
"Қурби доллар дар бозори дохилӣ метавонад бо афзоиши минбаъдаи қимати нафти Brent (беш аз 90 доллар барои як бушка), болоравии қимати газ, металл ва дигар ашёи хоми содиротӣ боло равад", - гуфт коршинос.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 рублро коҳиш додани талабот ба асъори хориҷӣ барои хариди воридот, пардохтҳо аз рӯи қарзи хориҷӣ ва инчунин сафарҳои туристӣ ба хориҷ дастгирӣ хоҳад кард.
Василев дар суҳбат бо "Прайм" гуфт, чунин сенария вақте амалӣ мешавад, ки танзимкунанда аз анҷоми давраи пурзӯрсозии пулию қарзӣ ва коҳиши мукофоти геополитикӣ дар котировкаҳои дороиҳои Русия хабар медиҳад.
Тибқи пешгӯии коршиносон, дар семоҳаи аввали соли 2022 қурби доллар аз 72 то 73 рубл тағйир меёбад.
Қаблан Егор Жилников, таҳлилгари асосии Раёсати стратегия ва лоиҳаҳои рушди Раёсати таҳлили иқтисод ва саноати Маркази таҳлил ва экспертизаи ҶСК "Промсвязбанк" гуфта буд, ки арзиши "амрикоӣ" метавонад то 80 рубл боло равад.
Ин дар ҳоле имконпазир хоҳад шуд, ки нархи нафт аз 60 доллар барои як баррел поин равад.
Дар навбати худ, Алексей Михеев, стратеги сармоягузории "ВТБ Сармоягузориҳои ман" мутмаин аст, ки қурби доллар метавонад дар соли 2022 то 68 рубл поин равад.
Дар айни замон, арзиши "амрикоӣ" дар бозори байналмилалӣ дар муқобили асъори асосии ҷаҳонӣ заиф шудааст.