https://sputnik.tj/20220209/barkanori-tayin-asrorzoda-maqom-rektori-1045655878.html
Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ
Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Убайдулло Асрорзода аз мақоми ректори донишкада барканор шуду ба вазифаи ректори донишгоҳи байналмилалӣ таъйин гардид
2022-02-09T09:40+0500
2022-02-09T09:40+0500
2022-02-09T11:39+0500
маориф
дар тоҷикистон
донишкада
сайёҳӣ
хизмат
ректор
донишгоҳ
таъйин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қароре Убайдулло Асрорзодаро аз вазифаи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озод кардааст. Тибқи ин қарор, ки Раҳмон моҳи равон имзо карду дар пойгоҳи ахбори ҳуқуқӣ нашр шудааст, Асрорзода ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин шудааст. Таъкид шудааст, ки барканорию таъйинот ба тағйири мақоми ин муассисаи таълимӣ рабт дорад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи соли равон ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, номашро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузошт. Номи Убайдулло Асрорзодаи 35-сола, ки роҳбарии ин муассисаи олии таълимиро аз соли 2020 то ҳол ба уҳда дорад, ахиран аз сӯйи пойгоҳи "Диссернет" расонаӣ шуда буд. Асрорзода, ки доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад, соли гузашта дар феҳрасти олимони тоҷике ном қарор гирифт, ки аз ҷониби пойгоҳи "Диссернет" ба асардуздӣ айбдор мешуданд. Аз ҷумла, ба иттилои ин пойгоҳ, Асрорзода дар рисолаи номзадияш дар мавзуи бозори озуқаворӣ ва танзими давлатии он ки соли 2011 ҳимоя шудааст, беш аз 90 саҳифаро аз кори олимони рус пурра ё қисман рӯбардор намудааст. Назари худи Асрорзода дар бораи ин иттиҳом маълум нест. Бар асоси ҳолнома, ӯ дар гузашта - солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва солҳои 2015-2020 ба ҳайси мудири Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ фаъолият намудааст.
https://sputnik.tj/20220205/qaror-hukumat-donishkada-donishgoh-baynalmilali-1045526482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барканорӣ, таъйин, ректор, донишгоҳ, байналмилалӣ
барканорӣ, таъйин, ректор, донишгоҳ, байналмилалӣ
Қарори ҳукумат: Барканорӣ ва таъйини Асрорзодаи 35-сола ба мақоми ректорӣ
09:40 09.02.2022 (Навсозишуда: 11:39 09.02.2022) Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат аз мансабаш барканор шуду ректори Донишгоҳи байналмилалӣ таъйин гардид
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қароре Убайдулло Асрорзодаро аз вазифаи ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озод кардааст.
Тибқи ин қарор, ки Раҳмон моҳи равон имзо карду дар пойгоҳи ахбори ҳуқуқӣ нашр шудааст, Асрорзода ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин шудааст.
Таъкид шудааст, ки барканорию таъйинот ба тағйири мақоми ин муассисаи таълимӣ рабт дорад. Ҳукумати Тоҷикистон охири моҳи январи соли равон ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода, номашро Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гузошт.
Номи Убайдулло Асрорзодаи 35-сола, ки роҳбарии ин муассисаи олии таълимиро аз соли 2020 то ҳол ба уҳда дорад, ахиран аз сӯйи пойгоҳи "Диссернет" расонаӣ шуда буд.
Асрорзода, ки доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад, соли гузашта дар феҳрасти олимони тоҷике ном қарор гирифт, ки аз ҷониби пойгоҳи "Диссернет" ба асардуздӣ айбдор мешуданд. Аз ҷумла, ба иттилои ин пойгоҳ, Асрорзода дар рисолаи номзадияш дар мавзуи бозори озуқаворӣ ва танзими давлатии он ки соли 2011 ҳимоя шудааст, беш аз 90 саҳифаро аз кори олимони рус пурра ё қисман рӯбардор намудааст. Назари худи Асрорзода дар бораи ин иттиҳом маълум нест.
Бар асоси ҳолнома, ӯ дар гузашта - солҳои 2014-2015 дар вазифаи муовини мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва солҳои 2015-2020 ба ҳайси мудири Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ фаъолият намудааст.