https://sputnik.tj/20220205/qaror-hukumat-donishkada-donishgoh-baynalmilali-1045526482.html
Қарори ҳукумат: Дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ таъсис дода шуд
Қарори ҳукумат: Дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ таъсис дода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон барои табдили як донишкадаи кишвар ба донишгоҳи байналмилалӣ қарор қабул кардааст
2022-02-05T15:10+0500
2022-02-05T15:10+0500
2022-02-21T11:48+0500
дар тоҷикистон
донишгоҳ
донишкада
қарор
ҳукумат
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040994527_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_3ab8a72fba44ec382a6cd08036c7c2b3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ҷумҳурӣ табдил дода шуд. Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи январ имзо шуда, аллакай овезаҳо бо номи ҷадид дар даромадгоҳҳои ин муассиса насб шуданд. Акси овезҳо бо унвони ҷадиди муассисаро масъулини он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Маврид ба зикр аст, ки дар оғози соли таҳсили ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе биноҳои нави ин муассисаро ифтитоҳ намуд. Ба иттилои расмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ метавонад беш аз 7,5 ҳазор донишҷӯро бо таҳсил фаро гирад. Соли гузашта инчунин бо қарори ҳукумат филиалҳои ин муасиссаи олии таълимӣ дар Хатлону Суғд ифтитоҳ гардиданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф намуда буд, ки филиалҳоро бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигари васоили зарурӣ таъмин намоянд.Донишкада, ки акнун ба Донишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдил ёфт, аз соли 1991 фаъолият дошта, сарпарасти он Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад. Таъкид ба густариши фаъолияти ин муассиса дар ҳолест, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши сайёҳӣ ва саноатикунонии кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноки худ қарор додааст.
https://sputnik.tj/20220201/sabuki-donishjuyon-afghon-tojikiston-1045398236.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040994527_0:0:721:541_1920x0_80_0_0_f55e1239c3d1a098faa29cf6d89452fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, донишгоҳ, байналмилалӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ
тоҷикистон, донишгоҳ, байналмилалӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ
Қарори ҳукумат: Дар Тоҷикистон донишгоҳи байналмилалӣ таъсис дода шуд
15:10 05.02.2022 (Навсозишуда: 11:48 21.02.2022) Ҳукумати Тоҷикистон барои табдили як донишкадаи кишвар ба донишгоҳи байналмилалӣ қарор қабул кардааст
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ҷумҳурӣ табдил дода шуд.
Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи январ имзо шуда, аллакай овезаҳо бо номи ҷадид дар даромадгоҳҳои ин муассиса насб шуданд. Акси овезҳо бо унвони ҷадиди муассисаро масъулини он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар оғози соли таҳсили ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе биноҳои нави ин муассисаро ифтитоҳ намуд. Ба иттилои расмӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ метавонад беш аз 7,5 ҳазор донишҷӯро бо таҳсил фаро гирад.
Соли гузашта инчунин бо қарори ҳукумат филиалҳои ин муасиссаи олии таълимӣ дар Хатлону Суғд ифтитоҳ гардиданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро муваззаф намуда буд, ки филиалҳоро бо бино, воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва дигари васоили зарурӣ таъмин намоянд.
Донишкада, ки акнун ба Донишгоҳи сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдил ёфт, аз соли 1991 фаъолият дошта, сарпарасти он Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ мебошад.
Таъкид ба густариши фаъолияти ин муассиса дар ҳолест, ки солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши сайёҳӣ ва саноатикунонии кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноки худ қарор додааст.