https://sputnik.tj/20220203/maorif-tark-kasb-mullimon-maosh-1045437409.html
Дар минтақаҳо дастгирӣ нест: Имомзода норасоии омӯзгорон дар мактабҳоро шарҳ дод
Дар минтақаҳо дастгирӣ нест: Имомзода норасоии омӯзгорон дар мактабҳоро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ислоҳи норасоии омӯзгорон умед ба хатмкунандагони нав бастаас
2022-02-03T10:12+0500
2022-02-03T10:12+0500
2022-02-03T13:39+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/69/1029596922_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_bc7f2c7237bf5cdb1eb540857dc93e58.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ислоҳи ин вазъ умед ба хатмкунандагони нави донишгоҳҳои марбути соҳа бастааст.Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, норасоии муаллмон дар мактабҳо аз ҳисоби хатмкунандагони нав пурра бартараф мешавад.Ӯ зимни нишасти хабарияш дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи тарки касб кардани омӯзгорон гуфт, ин як раванд аст, аммо ислоҳшаванда аст.Ба гуфтаи вазир, танҳо соли таҳсили 2020-2021 16 ҳазор равияҳои омӯзгориро хатм карданд, аммо на ҳамаашон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.Ин ҳамоно яке аз мушкилоти муҳими соҳаи маориф аст, вақте кадрҳо тайёр карда мешаванд, аммо баъдан ба кор фаро гирифта намешаванд.Мавсуф дар бораи норасоии омӯзгорон гуфт, захираи зеҳнӣ мавҷуд аст, аммо сатҳи ташкилӣ вуҷуд надорад.Ба гуфтаи Имомзода, ин бештар ба масоили хусусии маҳаллӣ рабт дорад, ин мушкили камбуди кадрҳо дар кишвар нест.Вазорати маориф ин камбудро аз ҳисоби хатмкунандагони нав ислоҳ карданист. Ба гуфтаи Имомзода, маош зиёд мешавад ва ин масъала ҳалли худро меёбад.Имомзода ҳамзамон норасоии омӯзгоронро ба фавту беморӣ ва нафақаву иваз шудани макони зисти онҳо низ рабт дод.Тибқи омори вазорат, танҳо дар соли қаблӣ аз 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бо сабаби фавту беморӣ, 2228 кас барои иваз кардани ҷойи зист ва 1031 нафар бинобар нафақа аз ин низом дур шудаанд.
https://sputnik.tj/20220131/omuzgor-khatlon-muhojirat-1045347432.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/69/1029596922_128:0:1943:1361_1920x0_80_0_0_13fb8e9b31d68054c06b72c35a768374.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир маориф касб муллим маош
вазир маориф касб муллим маош
Дар минтақаҳо дастгирӣ нест: Имомзода норасоии омӯзгорон дар мактабҳоро шарҳ дод
10:12 03.02.2022 (Навсозишуда: 13:39 03.02.2022) Вазири маориф ва илми Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро кишвар то ҳол бо мушкили шадиди норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ рӯ ба рӯ аст
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон барои ислоҳи ин вазъ умед ба хатмкунандагони нави донишгоҳҳои марбути соҳа бастааст.
Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, норасоии муаллмон дар мактабҳо аз ҳисоби хатмкунандагони нав пурра бартараф мешавад.
Ӯ зимни нишасти хабарияш дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи тарки касб кардани омӯзгорон гуфт, ин як раванд аст, аммо ислоҳшаванда аст.
Ба гуфтаи вазир, танҳо соли таҳсили 2020-2021 16 ҳазор равияҳои омӯзгориро хатм карданд, аммо на ҳамаашон бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Ин ҳамоно яке аз мушкилоти муҳими соҳаи маориф аст, вақте кадрҳо тайёр карда мешаванд, аммо баъдан ба кор фаро гирифта намешаванд.
Мавсуф дар бораи норасоии омӯзгорон гуфт, захираи зеҳнӣ мавҷуд аст, аммо сатҳи ташкилӣ вуҷуд надорад.
"Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳоло ҳам мушкилот дар маҳал вуҷуд дорад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки муаллим ба деҳа меояд, аммо дар он ҷо ӯро хуш намепазиранд, қабул ва дастгирӣ намекунанд", - гуфт раҳабари Вазорати маориф ва илм.
Ба гуфтаи Имомзода, ин бештар ба масоили хусусии маҳаллӣ рабт дорад, ин мушкили камбуди кадрҳо дар кишвар нест.
Вазорати маориф ин камбудро аз ҳисоби хатмкунандагони нав ислоҳ карданист. Ба гуфтаи Имомзода, маош зиёд мешавад ва ин масъала ҳалли худро меёбад.
Имомзода ҳамзамон норасоии омӯзгоронро ба фавту беморӣ ва нафақаву иваз шудани макони зисти онҳо низ рабт дод.
Тибқи омори вазорат, танҳо дар соли қаблӣ аз 140 ҳазор омӯзгор 593 нафар бо сабаби фавту беморӣ, 2228 кас барои иваз кардани ҷойи зист ва 1031 нафар бинобар нафақа аз ин низом дур шудаанд.