https://sputnik.tj/20220208/muhojiron-rusiya-nazorat-makhsus-1045629723.html
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия таҳти назорати махсус мегиранд: сабаб
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия таҳти назорати махсус мегиранд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари гузоришҳои нигаронкунанда аз Вазорати корҳои дохилӣ, конфессияҳои Округи Мухтор барои ҳалли мушкилот бо шаҳрвандони хориҷӣ кӯмаки худро пешниҳод карданд.
2022-02-08T17:10+0500
2022-02-08T17:10+0500
2022-02-08T18:16+0500
муҳоҷират
дар русия
муҳоҷирони корӣ
назорат
сангин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449116_0:150:3071:1877_1920x0_80_0_0_58a5e60401c3447e35a6a8fff4edb86a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Намояндагони диаспораҳои Ханти-Мансийск зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шуъбаи сиёсати миллии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки муҳоҷирони омадаро зери назорат мегиранд. Дар ин бора дар торномаи расмии шаҳр хабар дода мешавад.Ин гуна изҳороти раҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ вокуниш ба гузориши хадамоти махсуси маҳаллӣ дар бораи эҳтимоли вуруди хориҷиёни тундгаро зери ниқоби муҳоҷирони корӣ ба шаҳр буд. Раҳбарони диаспораҳо пешниҳод карданд, ки дар байни ҳамватанони худ суҳбатҳои пешгирикунанда гузаронанд. Онҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки дар бораи далелҳои ошкор шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои кор рафтаанд, фавран хабар медиҳанд.Раёсати муҳоҷирати шаҳри Ханти-Мансийск қайд мекунад, ки дар остонаи оғози кори мавсимӣ ба ин минтақа 404 шаҳрванди хориҷӣ рафтааст.Аз ин шумор 273 нафар гуфтаанд, ки ҳадаф аз сафарашон кор аст. Оҷонсӣ ҳамчунин кишварҳоеро ном бурд, ки муҳоҷирон аз он ҷамоҳир рафтаанд. Дар байни онҳо Украина, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон пешсафанд. Қаблан вилояти Свердловск аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон дар ин минтақа дар соли 2021, ки 133 ҳазор гуфта мешаванд, хабар дода буд. Кори муҳоҷиронро дар якчанд соҳа маҳдуд мекунанд: дар куҷо ва дар кадом соҳаҳо?Гузашта аз ин танҳо 5%-и меҳмонон таҳсилро сабаби сафар ба Русия қайд кардаанду 95%-и боқимонда бо мақсади кор ба ин кишвар рафтаанд.
https://sputnik.tj/20220206/rusiya-muhojiron-qoidaho-sangin-1045537686.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0e/1032449116_141:0:2872:2048_1920x0_80_0_0_08e6be4e4e23f43ddb4e78a287e504b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷирон, кор
Муҳоҷиронро дар як минтақаи Русия таҳти назорати махсус мегиранд: сабаб
17:10 08.02.2022 (Навсозишуда: 18:16 08.02.2022) Дар пасманзари гузоришҳои нигаронкунанда аз Вазорати корҳои дохилӣ диаспораҳо барои ҳалли мушкилот бо шаҳрвандони хориҷӣ кумаки худро пешниҳод карданд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Намояндагони диаспораҳои Ханти-Мансийск зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони шуъбаи сиёсати миллии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки муҳоҷирони омадаро зери назорат мегиранд.
Дар ин бора дар торномаи расмии шаҳр хабар дода мешавад.
Ин гуна изҳороти раҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ вокуниш ба гузориши хадамоти махсуси маҳаллӣ дар бораи эҳтимоли вуруди хориҷиёни тундгаро зери ниқоби муҳоҷирони корӣ ба шаҳр буд.
Раҳбарони диаспораҳо пешниҳод карданд, ки дар байни ҳамватанони худ суҳбатҳои пешгирикунанда гузаронанд.
Онҳо ҳамчунин ваъда доданд, ки дар бораи далелҳои ошкор шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои кор рафтаанд, фавран хабар медиҳанд.
"Кумаки диаспораҳо як воситаи хуби пешгирикунанда хоҳад буд", - изҳор дошт иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори пулиси шаҳр Вячеслав Курин дар бораи натоиҷи мулоқот.
Раёсати муҳоҷирати шаҳри Ханти-Мансийск қайд мекунад, ки дар остонаи оғози кори мавсимӣ ба ин минтақа 404 шаҳрванди хориҷӣ рафтааст.
Аз ин шумор 273 нафар гуфтаанд, ки ҳадаф аз сафарашон кор аст. Оҷонсӣ ҳамчунин кишварҳоеро ном бурд, ки муҳоҷирон аз он ҷамоҳир рафтаанд.
Дар байни онҳо Украина, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон пешсафанд.
Қаблан вилояти Свердловск аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон дар ин минтақа дар соли 2021, ки 133 ҳазор гуфта мешаванд, хабар дода буд.
Гузашта аз ин танҳо 5%-и меҳмонон таҳсилро сабаби сафар ба Русия қайд кардаанду 95%-и боқимонда бо мақсади кор ба ин кишвар рафтаанд.