https://sputnik.tj/20220208/mubtaloyon-koronavirus-dar-tojikiston-ru-ba-afzoish-ast-1045609800.html
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ омори гирифторшавӣ ба COVID-19-ро нав кард, ки тибқи нишондоди он шумори мубталоён рӯз то рӯз коҳиш меёбад
2022-02-08T07:00+0500
2022-02-08T07:00+0500
2022-02-08T11:40+0500
коронавирус
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031831131_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_540d4cc1909ab84ffcd93f33e74dd634.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар як рӯзи охир 8 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе аз ин беморӣ нафавтидааст. Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 351 мавриди сирояти COVID-19 ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17203 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтаанд. Аз 20 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд. Аммо ҳолатҳои беморӣ дигарбора аз 21 январи 2022 ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин дар мамлакат тамоюли мусбат ба амал омадааст: шумораи мубталоёни нав рӯз то рӯз кам шуда, шумораи шифоёфтагон меафзояд. Ҳамчунин аз оғози мавҷи сеюм то ҳол ягон марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи ин беморӣ идома дорад. Ҳоло тақрибан 80 дарсади сокинони кишвар моякӯбӣ шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад. Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ аст. Шаҳрвандон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ба таври ройгон истифода мекунанд. Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.
https://sputnik.tj/20220207/omikron-virusshinos-rus-siroyat-beshtar-1045555304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031831131_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9a51e674c9f06bcf3902306edba90ef6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор гирифтор covid тоҷикистон
омор гирифтор covid тоҷикистон
Марг несту сироят ҳам кам шуд: омори нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон
07:00 08.02.2022 (Навсозишуда: 11:40 08.02.2022) Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ омори гирифторшавӣ ба COVID-19-ро нав кард, ки тибқи нишондоди он, шумори мубталоён рӯз то рӯз коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Давоми 24 соати охир дар Тоҷикистон 4 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора омори навшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамчунин дар як рӯзи охир 8 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе аз ин беморӣ нафавтидааст.
Дар маҷмуъ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 17 351 мавриди сирояти COVID-19 ошкор шудааст. Аз ин беморӣ 124 нафар фавтида, 17203 нафар сокинони ҷумҳурӣ шифо ёфтаанд.
Аз 20 ноябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашуда буд. Аммо ҳолатҳои беморӣ дигарбора аз 21 январи 2022 ба қайд гирифта шуд.
Дар баробари ин дар мамлакат тамоюли мусбат ба амал омадааст: шумораи мубталоёни нав рӯз то рӯз кам шуда, шумораи шифоёфтагон меафзояд.
Ҳамчунин аз оғози мавҷи сеюм то ҳол ягон марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар пасманзари афзоиши ибтило ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон эмгузаронӣ алайҳи ин беморӣ идома дорад. Ҳоло тақрибан 80 дарсади сокинони кишвар моякӯбӣ шудаанд, ки тақрибан 4,59 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Ваксинзании зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳатмӣ аст. Шаҳрвандон аз ваксинаҳои "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVac", "Moderna" ва "Pfizer" ба таври ройгон истифода мекунанд.
Қобили зикр аст, ки коронавирус дар пасманзари пайдоиши штамми омикрони COVID-19 дар ҷаҳон ба Тоҷикистон баргашт.