ВКД садамаи маргбори Дамирбек Олимовро шарҳ дод

© МВД РТМашина после аварии
Машина после аварии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Садама дар пайи бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавонистан сар задааст
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори ҳунарманди ҷавон Дамирбек Олимовро шарҳ дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодиса 5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00 сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Honda" CRV, Олимов Дамирбек Ботурович, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд - Сомғор, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ки дучори садама шудааст.
Гуфта мешавад, "мошини ҳунарманд нахуст аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст".

"Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронандаи мазкур, ҳунарманди шинохта Олимов Д.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- афзуд манбаъ.

ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дамирбек Олимов 33 сол дошта, дар ноҳияи Деваштич, Ғончии собиқ дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.
Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 2004-2008 Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.
Дамирбек Олимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2022
Манбаъ: Дамирбек Олимов дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид
Марҳум дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро Ҷурабек Муродов ба уҳда дорад, ва ҳамчунин дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ фаъолият мекард. Ӯ оиладор ва падари се фарзанд буд.
Шуҳрати Дамирбек пас аз иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъдан мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэте бо сароянда Нигина Амонқулова афзуд.
Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар жанри эстрада ва ҳам шашмақом суруд мехонд.
Лентаи хабарҳо
0