https://sputnik.tj/20220205/tafsilot-marg-damirbek-olimov-darguzasht-1045520583.html
Манбаъ: Дамирбек Олимов дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид
Манбаъ: Дамирбек Олимов дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид
Sputnik Тоҷикистон
Иллати марги сарояндаи шинохтаи мусиқии поп ва классикии тоҷик маҳлум шуд
2022-02-05T09:30+0500
2022-02-05T09:30+0500
2022-02-07T17:54+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520637_0:25:1080:633_1920x0_80_0_0_ab94236af6eebf0740cf38d04bbf0461.jpg
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, овозони маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.Қаблан гуфта мешуд, ки овозхон вафот кардааст ва сабаби маргаш маълум нест. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ва шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки марҳум ҳангоми ҳаракат дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳри Хуҷанд ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Қаблан наздикони Дамирбек Олимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки овозхон шаби гузашта даргузаштааст ва иллати маргаш маълум нест. Аммо манобеъ мегӯянд, овозхон шаби гузашта ба як маъракаи шодӣ дар Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват шуда буд ва ҳангоми бозгашт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд. “Дамирбек Олимов бар асари зиёд рафтани хун дар шифохона ҷон додааст ва ду ҳамроҳаш ҳанӯз дар шуъбаи эҳё қарор доранду вазъашон вахим арзёбӣ мешавад”, - гуфтанд манобеъ. Ҷанозаи марҳум имрӯз, 5 феврал дар шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштич баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220205/darguzasht-damirbek-olimov-saroyanda-1045520381.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/05/1045520637_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_0daf7d1e9766b713ca008144236af2bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дамирбек олимов садама ҳалок
дамирбек олимов садама ҳалок
Манбаъ: Дамирбек Олимов дар пайи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид
09:30 05.02.2022 (Навсозишуда: 17:54 07.02.2022) Иллати марги сарояндаи шинохтаи мусиқии поп ва классикии тоҷик маълум шуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, овозони маъруфи тоҷик дар пайи як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки овозхон вафот кардааст ва сабаби маргаш маълум нест.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ва шифохонаи марказии шаҳри Хуҷанд бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки марҳум ҳангоми ҳаракат дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳри Хуҷанд ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст.
“Ин ҳодиса ҳаволии соатҳои 1 ба 2-и шаб иттифоқ афтода, овозхон бо ду ҳамроҳаш шадидан захмӣ шудаанд. Онҳо ба шифохонаи шаҳрии рақами №1-и Хуҷанд интиқол ёфтаанд”, - гуфтанд манобеъ.
Қаблан наздикони Дамирбек Олимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки овозхон шаби гузашта даргузаштааст ва иллати маргаш маълум нест.
Аммо манобеъ мегӯянд, овозхон шаби гузашта ба як маъракаи шодӣ дар Боғи миллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват шуда буд ва ҳангоми бозгашт ба садамаи нақлиётӣ дучор шуд.
“Дамирбек Олимов бар асари зиёд рафтани хун дар шифохона ҷон додааст ва ду ҳамроҳаш ҳанӯз дар шуъбаи эҳё қарор доранду вазъашон вахим арзёбӣ мешавад”, - гуфтанд манобеъ.
Ҷанозаи марҳум имрӯз, 5 феврал дар шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштич баргузор мешавад.