Тоқаев қарореро имзо кард, ки Назарбоевро аз раҳбарии якумрӣ маҳрум мекунад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкНурсултан Назарбаев
Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон қароре имзо кард, ки зарурати мувофиқа кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Назарбоевро бекор мекунад
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев тағйироту иловаҳое ба қонунгузориро имзо кард, ки бар асоси он, раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз раҳбарии якумрии Ассамблеяи мардумии Қазоқистон (АМҚ) ва Шӯрои амният маҳрум мешавад.
Ҳамчунин ин қарор зарурати мувофиқа кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ бо Назарбоевро бекор мекунад
Чунин меъёрҳо дар лоиҳаи Қонуни конститутсионии Қазоқистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон" пешбинӣ шудаанд.
Дар таҳрири қаблии лоиҳаи қонун ба Нурсултон Назарбоев дар арсаҳои зерин ҳуқуқи якумрӣ дода шуда буд:
дар парлумони Қазоқистон ва палатаҳои он суханронӣ кардан;
дар маҷлисҳои ҳукумат ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои муҳими кишвар суханронӣ кардан;
раҳбарии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон;
раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон;
узви Шӯрои конститутсионии Қазоқистон будан.
Дар таҳрири нави қонун вазифаи раҳбарии Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амният ба раисҷумҳури феълии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев вогузор шуд.
Қонун "Дар бораи маҷлиси мардумии Қазоқистон" ҳаққи умрбоди Назарбоевро ба раҳбарии Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон бекор кард.
Конец эпохи Назарбаева? Парламент отстраняет Елбасы от политики Казахстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
Қонун “Дар бораи Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон” аз ҳуқуқи якумрии Назарбоев дар раёсати Шӯрои амният ва ҳамчунин ҳуқуқи танзими фаъолияти дастгоҳи Шӯрои амниятро истисно кардааст.
Дар баробари ин Назарбоев ҳуқуқи суханронӣ дар назди парлумон ва палатаҳои он, дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳангоми баррасии масъалаҳои барои кишвар муҳим ва узвият дар Шӯрои конститутсионии ҷумҳуриро ҳифз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0