https://sputnik.tj/20220127/poyon-qarn-nazarboev-1045252510.html
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи панҷшанбеи 27 январ порлумони Қазоқистон ба таври амалан раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоевро аз қудрати сиёсӣ маҳрум кард
2022-01-27T16:50+0500
2022-01-27T16:50+0500
2022-01-27T19:46+0500
видео
нурсултон назарбоев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045251342_0:0:3017:1697_1920x0_80_0_0_50c0ec3da67981ee5bbd9868537016da.jpg
Тибқи раъйдиҳии вакилон, Назарбоев аз ҳаққи раҳбарии Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амният маҳрум ва ин салоҳият ба раҳбари кунунии давлат вогузор карда мешавад.Қарор аст, 28 январ раёсати Ҳизби “нур Отан” аз Нурсултон Назарбоев ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев интиқол дода шавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, рекорди тӯлонитарини дар қудрат будан дар фазои пасошӯравиро дорад. Ӯ аз 22 июни соли 1989 (то 24 апрели соли 1990 - котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Қазоқистон) то 19 марти соли 2019, яъне 29 солу 8 моҳу 26 рӯз дар Қазоқистон раҳбарӣ кардааст. Поёни қудрати элбасӣ: Назарбоев аз мақоми раҳбарии якумрии Шӯрои амният маҳрум шудВай дар давоми ин солҳо дар мамлакат ҳокимияти мутлақро ба даст оварда, ба муассисаҳои асосии он роҳбарӣ мекард. Қонун "Дар бораи президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон" ба Назарбоев ҳаққи якумрии раҳбарӣ бар Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои Амният дода буд. Мутобиқи ин қонун, Назарбоев низ дар раёсати ҳизби ҳокими "нур Отан" боқӣ монд ва ҳақ дошт, ки масоили сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистонро ҳал кунад. Аммо дар ҷараёни гирдиҳамое, ки ба ошӯбҳо дар саросари кишвар табдил шуд, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон кард, ки акнун раиси ягонаи Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045251342_48:0:2779:2048_1920x0_80_0_0_a6fc4a7e1855629fa914e2d8a674384d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назарбоев, мақом, маҳрум,
назарбоев, мақом, маҳрум,
Поёни қарни Назарбоев: чӣ гуна парлумон элбасиро аз сиёсат хориҷ кард - видео
16:50 27.01.2022 (Навсозишуда: 19:46 27.01.2022) Рӯзи панҷшанбеи 27 январ парлумони Қазоқистон ба таври амалӣ раисҷумҳури нахустини ин кишварро аз қудрати сиёсӣ маҳрум кард
Тибқи раъйдиҳии вакилон, Назарбоев аз ҳаққи раҳбарии Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амният маҳрум ва ин салоҳият ба раҳбари кунунии давлат вогузор карда мешавад.
Қарор аст, 28 январ раёсати Ҳизби “нур Отан” аз Нурсултон Назарбоев ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев интиқол дода шавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури нахустини Қазоқистон, рекорди тӯлонитарини дар қудрат будан дар фазои пасошӯравиро дорад. Ӯ аз 22 июни соли 1989 (то 24 апрели соли 1990 - котиби якуми КМ Ҳизби коммунистии Қазоқистон) то 19 марти соли 2019, яъне 29 солу 8 моҳу 26 рӯз дар Қазоқистон раҳбарӣ кардааст.
Вай дар давоми ин солҳо дар мамлакат ҳокимияти мутлақро ба даст оварда, ба муассисаҳои асосии он роҳбарӣ мекард.
Қонун "Дар бораи президенти нахустини Ҷумҳурии Қазоқистон" ба Назарбоев ҳаққи якумрии раҳбарӣ бар Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои Амният дода буд. Мутобиқи ин қонун, Назарбоев низ дар раёсати ҳизби ҳокими "нур Отан" боқӣ монд ва ҳақ дошт, ки масоили сиёсати хориҷӣ ва дохилии Қазоқистонро ҳал кунад.
Аммо дар ҷараёни гирдиҳамое, ки ба ошӯбҳо дар саросари кишвар табдил шуд, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон кард, ки акнун раиси ягонаи Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ аст.