Роҳи Душанбе - Чаноқ бо маҳдудияти вижа боз аст: тафсилот

Трасса Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Обуна шудан
Бориши шадиди барф ва обуҳавои номусоид дар минтақа боиси маҳдуд шудани роҳ барои қисме аз нақлиёт шудааст
ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ боз аст, аммо равуои баъзе аз васоити нақлия маҳдуд шудааст.
Дар ин бора ширкати IRS дар Тоҷикистон дар саҳифаи "Facebook"-и худ иттилоъ додааст.
Маҳдудиятҳо барои ҳаракат дар шоҳроҳ ба мошинҳои боркаш ва ядакдор дахл доранд. Дигар навъи мошниҳои мусофиркаш ба сурати пешин равуо хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки чунин тадбир бо мақсади халал нарасонидан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки корҳо барои барқарор кардани ҳаракати нақлиёт тамоми шаб идома дошта, дар ҳоли ҳозир тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зидди лағжиш идома дорад.
Занесенные снегом дороги в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2022
Фаромадани 10 тарма дар се ноҳияи ВМКБ: хатар боқӣ мемонад
Кормандони IRS дар мошинҳои махсус барои таъмини бехатарии ҳаракати мунтазам тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.
Лағви маҳдудиятҳо барои мошинҳои боркаш ва ядакдор, чуноне аз изҳорот бармеояд, дар ояндаи наздик эълон мешавад.
Қаблан намояндагони IRS хабар дода буданд, ки ронандагон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бо бориши барфи зиёд рӯ ба рӯ буданд.
Аз ронандагон мешавад, ки дар мавсими имсола ба ҳолати техникии мошинҳо, риояи талаботи муқарраргардида ва меъёрҳои бехатарии ҳаракат, аз ҷумла таҷҳизот, воситаҳои муҳофизатӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.
Лентаи хабарҳо
0